Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро нархи барқ гарон шавад?


Cандуқи байнулмилаллии пул ва Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додаанд, ки барои таъмини муназзами аҳолӣ бо нерӯи барқ ва таҳкими системаи истеҳсоли энержӣ, қиммати барқро 20 -25 афзоиш диҳад. Ҳоло як киловат-соат барқ дар Тоҷикистон 9 дирам аст ва дар ҳоли боло рафтан ба 11 дирам баробар мешавад.

Корхонаҳои саноатӣ, ки ҳоло барои як киловат 25 дирам падохт мекунанд, дар сурати боло рафтани нархи энержӣ, барои ҳар киловат ҳудуди 30 дирам сарф хоҳанд кард.

Ширкати "Барқи Тоҷик" низ бо манзури модернизатсия ва таъмири шабакаҳои барқрасонӣ аз зарурати афзудани қиммати истифодаи барқ сӯҳбат мекунанд. Дар ҳоле, ки маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 80 сомонӣ ва маоши миёна 280 сомонӣ аст.

Ва аммо мардуми оддии Тоҷикистон, ки феълан низ дар пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ бо мушкил рӯ бар рӯ ҳастанд, хабари эҳтимоли афзудани қимати нерӯи барқро чи гуна истиқбол карданд?

Чаро барқ бояд қиммат шавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:38 0:00
XS
SM
MD
LG