Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо барои таҷлили Соли нави мелодӣ


Ҳарчанд Соли нави мелодӣ пас аз ду ҳафтаи дигар фаро хоҳад расид, вале дар Тоҷикистон омодагиҳо барои таҷлили бошукӯҳи он шурӯъ шудааст. Шӯру шавқ барои ҷашнгирии ин ид, ки дар 80 соли ахир ба ҳукми анъана даромадааст, дар шаҳрҳо, бахусус дар Душанбе бештар ба мушоҳида мерасад.

Душанбе худро ороиш медиҳад

Рӯзи гузашта дар майдони Дӯстӣ», дар маркази пойтахт, насби арчаи солинавӣ, дарозиаш 20 метр шурӯъ шуд ва ба гуфтаи Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдори Душанбе, арчаи солинавӣ то 25 декабр пурра оро дода хоҳад шуд.

Ҷаноби Саидов, мегӯяд, бар асоси барномаи тарҳрезишуда, шаҳри Душанбе ва ороиши он барои ҷашнгири соли нави масеҳӣ то 27 декабр анҷом хоҳад гирифт. Сухангӯи шаҳрдори Душанбе гуфт, рӯзҳои 27 то 30-юми декабр, дар ҳама бозорҳои марказии пойтахт, намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир хоҳад шуд.

Аммо маросими аслии таҷлили Соли нави масеҳӣ ба таърихи 31 декабр дар назар дошта шуда, бар иловаи барномаҳои ҷашнӣ дар тамоми паркҳои шаҳр, ҳамчунин шоми ҳамон рӯз аз соати 19 то 21 дар майдони «Дӯстӣ» консерти сарояндагону ҳунармандон ва овозхонони мусиқии эстрадии тоҷик баргузор мешавад. Ҳамчунин ба ҳангоми вуруди соли нави мелодӣ, ҳафт дақиқа дар осмон оташбозии солинавӣ дар назар аст.

Оё Қонуни танзими расму ойин дар Соли нав муроот мешавад?

Зимнан, бо мақсади таҷлили Соли нави мелодӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе масъулони вазорату муассисаҳо ва куллия ниҳодҳои пойтахтро муваззаф кардааст, ки сохтмон ва биноҳоро ба ҷашн ороиш бидиҳанд. Масъулони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр низ дастур гирифтаанд, ки дар шабу рӯзи ҷашни Соли нави мелодӣ амниятри шаҳрвандонро таъмин созанд.

Чунин омодагии шаҳрдории Душанбе барои таҷлили Соли нави масеҳӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки муддати чанд соли ахир дар ин мавзӯъ сару садоҳои мухталиф вуҷуд дорад.

Ба дунболи қабули Қонун « Дар бораи танзими расум ойин ва маросимҳо» дар ду соли пеш, шаҳрдории Душанбе хост, то ҷашни Соли навро ба танзим дарорад ва аз баргузории бархе аз барномаҳои фароғатии сермасраф дар шаби Соли нав парҳез кунад. Ин буд, ки соле пеш масъулони шаҳрдорӣ гуфта буданд, ки консерти бошукӯҳи солинавӣ доир нахоҳад шуд. Аммо баъдан тасмим дигар шуд ва Соли нав бо тантана ҷашн гирфта шуд.

Наврӯз ва ё Соли нави мелодӣ?

Ҷашни Соли нави мелодӣ дар Тоҷикистон аз даврони Шуравӣ ба мерос мондааст ва 1-уми январ ба унвони оғози Соли нав пазируфта шудааст. Вале пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ва ба хусус таҳкими ҷойгоҳи ҷашнҳои миллӣ, пешниҳодҳое низ ҷой доранд, ки ҷашни Соли нав таҷдиди назар шавад. Аксари мардум ҳамакнун Наврӯзро, ки ба 21 март рост меояд, ҷашни муҳим ва оғози сол арзёбӣ мекунанд. Мақомот низ дар чанд соли ахир бештар ба таҷлили ин иди ниёгон таваҷҷӯҳ нишон медиҳад.
XS
SM
MD
LG