Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷустуҷӯи гурӯҳи мусаллаҳ дар Хатлон


Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, амалиёти вижаи ниҳодҳои интизомӣ дар бархе аз қаторкӯҳҳои вилояти Хатлон ба манзури боздошти гурӯҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ идома дорад. Ба ин манзур нерӯҳои пулис аз шаби душанбеи 13 декабр дар атрофи кӯҳи Хоҷамӯъмин таҷаммӯъ кардаанд.

Аммо бо ин ҳам ва бо гузашти ду ҳафта аз ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ дар ноҳияи Балҷувон, ки дар пайи он се нафар кушта ва ду тани дигар ҷароҳат бардоштанд, то ҳол ҳуввияти ин гурӯҳ мушаххас нашудааст.

Изи пойи маҳбусони фирорӣ?

Дар ҳамин ҳол як Сӯҳроб Ойаҳмадов, сокини ноҳияи Восеъ, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯ бо як гурӯҳи ҳафтнафарии низомипӯш дучор шудааст ва ҳангоми сӯҳбат яке аз маҳбусони фирории боздоштгоҳи Кумитаи амният Ҳикмат Азизов, мулаққаб бо Кури Малиш ва бародари Неъмат Азизов, аз фармондеҳони собиқи мухолифонро, шинохтааст. Ӯ мегӯяд, акси Ҳикмат Азизовро қаблан тариқи телевизон ва овезаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар кӯчаву хиёбонҳо борҳо дидааст.

Суҳроб Ойаҳмадов нақл мекунад, ки афроди либоси низомипӯшро дар зери купруки ин минтақа вохӯрдааст ва онҳо ӯро барои сӯҳбат даъват кардаанд. Ӯ мегӯяд, ки ин афрод худро кормандони пулис муаррифӣ карда ва шаҳодатномаи корманди милитсияро низ ба ӯ нишон ва гуфтаанд, ки сарбозонеро ҷустуҷӯ доранд, ки аз хизмати Артиш фирор кардаанд.

ВКД: Ҳуввияти афроди мусаллаҳ маълум нашудааст

Ин дар ҳолест, ки Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳарчанд амалиёти ҷустуҷӯи омилони ҳамла дар ноҳияи Балҷувон идома дорад, аммо то кунун ҳуввияти ин гурӯҳи ҷиноятпеша маълум карда нашудааст.



Шоми 1-уми декабр гурӯҳи номаълуми ҷангиёне дар мавзеи Дӯлонамайдони Балҷувон бо сохторҳои ҳифзи тартибот вориди даргирӣ шуданд, ки дар натиҷа се корманди интизомӣ кушта шуда ва ду тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин, ки сокинони маҳаллӣ шеваи ҳарфзании яке аз ин афроди мусаллаҳро афғонӣ хондаанд, эҳтимол зада мешуд, ки шояд ин гурӯҳ қочоқбарони афғон бошанд.

Шубҳаи коршиносон аз ҳузури фирориён

Вале оё иддаои як сокини ноҳияи Восеъ метавонад тасдиқи ҳузури маҳбусони фирорӣ дар ин минтақа бошад?

Амнияти Абдуназар, коршиноси амниятӣ, ба ин ривоят бо шубҳа менигарад. Ӯ мегӯяд: “Ҳузури Ҳикмат Азизов, мулаққаб бо Кури Малиш номумкин аст. Зеро ӯ ҳеҷ гоҳ аз кӯҳ поин намешавад, балки ҳаммаслакони худро мефиристад. Шояд онҳо гурӯҳҳои дигар бошанд».

Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони Тоҷикистон, низ бовар надорад, ки ин афрод маҳбусони фирорӣ ё аъзои гурӯҳҳои фироркарда аз минтақаи Рашт бошанд.

Ӯ ҳузури Ҳикмат Азизов дар минтақаи Кӯлобро мантиқӣ намедонад ва мегӯяд, «пайдо шудани Кури Малиш, ки аз мардуми Вахё аст, дар Кӯлоб аз эҳтимол дур аст. Чунки онҳо на аз кумаки мардуми маҳаллӣ бархурдоранд ва на имконияте дар ин минтақа доранд. Дар кӯҳҳо онҳо метавонанд худро наҷот диҳанд, пас чаро ба Кӯлоб раванд?»

Ривоятҳои таҳлилгарон


Дар ҳамин ҳол бархе таҳлилгарон бар ин боваранд, ки ин гурӯҳ бо макони будубоши худ қарор додани қаторкӯҳҳое дар ҷануби Тоҷикистон қасди убури марзи Тоҷикистон ба Афғонистонро дорад. Зеро ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб бо шимоли Афғонистон ҳаммарз аст.

Аммо бархе аз коршиносон ин далелро бепоя медонанд ва мегӯянд, минтақаи шарқи Тоҷикистон барои берун шудани ин гуна гурӯҳҳо аз хоки Тоҷикистон мусоидтар аст.

Ҳамакнун аз фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ чаҳор моҳ сипарӣ мешавад, ва дар ин муддат 7 нафари онҳо боздошт шуда ва се тани дигарашон кушта гардиданд. Аммо 15 тани онҳо ҳамчунон дар озодӣ ба сар мебаранд ва нерӯҳои қудратии кишвар то ҳол ба боздошти онҳо муваффақ нашудаанд.

Фирори маҳбусон дар шаби 23-юми август аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ дар маркази шаҳри Душанбе ба кушта шудани панҷ нафар зиндонбон мунҷар шуд.
XS
SM
MD
LG