Мақомоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳадафи сафари Шукурҷон Зуҳуров ба ин кишварро густариши равобиту ҳамкориҳои порлумонӣ бо Индонезия унвон карда ва гуфтаанд, ин иқдом бо даъвати Марзуки Алио, раиси Маҷлиси намояндагони Индонезия сурат гирифтааст.
Дидори раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз Индонезия чаҳор рӯз идома пайдо хоҳад кард, ки дар ҷараёни ин сафар Шукурҷон Зуҳуров, бо вазири хориҷӣ, раиси маҷлиси намояндагон, президент ва дигар мақомҳои баландпояи ин кишвар дидору гуфтугӯ ва роҳҳои беҳбуд бахшидани равобити дуҷонибаи сиёсӣ, итётисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар ду кишварро ба баррасӣ хоҳад гирифт.
Зимнан, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон бо Маҷлиси намояндагони Индонезия равобитеро барқарор карда ва баҳори соли ҷорӣ низ як ҳайати порлумонӣ аз Индонезия ба Душанбе сафар карда ва зимни дидору гуфтугӯ бо ҳамтоёни тоҷики худ, масоили таҳким бахшидани равобити ду кишвар дар бахшҳои мухталифро баррасӣ карданд.
Сафари Шукурҷон Зуҳуров ба Индонезия ба дунболи сафараш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ду ҳафтаи пеш сурат мегирад. Раиси палати поёнии порлумони Тоҷикистон дар ҷараёни ин сафар бо раиси Маҷлиси Исломӣ, вазири хориҷӣ ва раиси ҷумҳури Эрон мулоқотҳо анҷом дод.
Раиси палати поёнии порлумони Тоҷикистон дар ин дидорҳо, бар иловаи густаришу тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталиф, мавзӯи таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Эронро низ матраҳ карда ва ба хусус дар дидор бо Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури Эрон хост, ки ҳудуди 200 нафар аз донишомӯзони тоҷикро, ки дар риштаҳои динии яке аз донишгоҳҳои Эрон таҳсил мекунанд, ба риштаҳои дигар гузаронанд.
Шукурҷон Зуҳуров, дар ин дидор бар таҳсили ҷавонони тоҷик дар риштаҳои улуми дақиқ, ҳандаса, тиб ва ғайра, ки дар Тоҷикистон ба чунин тахассусҳо ниёз аст, таъкид кард.
Таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ, пас аз изҳороти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар яке аз сафарҳояш ба ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, дар ҷануби Тоҷикистон, ки хитоб ба падару модарон гуфта буд, «фарзандонатонро ба ватан баргардонед», дар ин авохир бештар матраҳ аст ва ҳамакнун садҳо тан аз ҷавонони тоҷик, ки дар кишварҳои исломӣ тапҳсил мекарданд, ба ватан баргардонда шудаанд.