Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон раёсати ИДМ-ро ба дӯш гирифт


Тоҷикистон раёсати давраии Иттиҳоди давлатҳои мустақилро бар дӯш гирифт. Ин тасмим рӯзи ҷумъаи 10 декабр дар поёни нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон дар шаҳри Маскав гирифта шуд.

Ин дар ҳолест, ки бештари коршиносон бар ин назаранд, ки ин созмон фаъолияти номуассир надорад ва бештар ба як "клуби гапфурӯшӣ" табдил шудааст.

Интиқодот дар робита ба фаъолияти кунду заифи ИДМ борҳо аз забони сарони кишварҳои узв, аз ҷумла президенти Тоҷикистон дар нишастҳои ин созмон садо додааст. Пас дар ин сурат оё Тоҷикистон метавонад, кореро барои беҳбуди фаъолияти ин созмони минтақавӣ ба анҷом бирасонад?

Ин барои бори дуввум аст, ки Тоҷикистон масъулияти раҳбарии созмони ИДМ-ро бар дӯш мегирад ва ин рисолат дар ҳоле ба ӯҳдаи Тоҷикистон гузошта мешавад, ки бештари соҳибназарон фаъолияти онро муассир намедонанд. Ҳатто дар нишастҳое, ки сарон гирди ҳам меоянд, аз кундии равандҳои ҳамгироии кишварҳо дар чаҳорчӯби созмон интиқод мекунанд.

ИДМ ё «клуби гапфурӯшӣ»?


Соҳибназарон мегӯянд, нишастҳои пайвастаи сарони кишварҳои узви ин созмон маъракаҳои густарда ва ҳамзамон серхароҷот аст, ки ҳатто шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар шаҳри Душанбе шоҳиди он шудаанд.

Ба таъкиди Абдулфаттоҳи Воҳид, коршиноси тоҷик, ин нишастҳо расмиёте беш нестанд, аммо дар асл «клуби гапфурӯшӣ»-ро мемонанд ва бештар ба тӯйҳо монанданд.

Ӯ меафзояд: «Гирди ҳам омадани сарони кишварҳо ва ҳамчунин сарони вазоратхонаҳои давлатҳои Муштаракулманофеъ ҳамон гирди ҳам омадани мардуми тӯйгардро мемонад, ки меоянду менишинанду мехӯранду мераванд.Оқибаташ чӣ мешавад, ҳеҷ кас намедонад. Яъне клуби гапфурӯшӣ».

Мероси Иттиҳоди Шӯравӣ

ИДМ, ки соли 1991 ташкил шудааст, мероси Иттиҳоди Шӯравист ва таҳлилгарони умур низ мегӯянд дар раъси он Русияи бузург қарор дорад, ки бештар манофеъ ва қудрати ин кишвар дар ин созмон матраҳ ва ҳал мешаад. Ба ин далел онҳо бовар доранд, ки раҳбарии Тоҷикистон дар ин созмон танҳо зоҳирист.

Аммо масъулони давлати Тоҷикистон мегӯянд, ин шарафи бузург барои ин кишвар хоҳад буд. Зеро исми Тоҷикистон бештар матраҳ хоҳад шуд. Ниёз Мирзоев, устоди бахши муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар ин робита мегӯяд, «албатта ин мақом фоли нек аст, чун Тоҷикистон бештар муаррифӣ хоҳад шуд ва ҷойгоҳи он низ дар ҷаҳон боло хоҳад рафт».

Ҳамакнун раҳбарии ИДМ дар ҳоле ба дасти Тоҷикистон мегузарад, ки ин кишвар бо ҳамсояи худ, дар заминаи истифодаи захоири об мушкил дорад ва муносиботаш печида аст.

Умед ба шонси сӯҳбат дар долонҳо

Аммо аз назари Сафари Абдулаҳад, ҷомеашиноси тоҷик, вижагии ИДМ он аст, ки ҳади аққал раҳбарон дар як сол як ё ду бор бо ҳам вомехӯранд, дар сатҳи расмӣ ҳам барои ҳамгироиҳо кореро анҷом надиҳанд, аммо дар ҳошияи нишастҳо бо ҳам дидору мулоқот мекунанд ва самимӣ сӯҳбат хоҳанд кард. Ҷаноби Абдулаҳад итминон дорад, ки раҳбари Тоҷикистон низ аз ин фурсат ба хубӣ истифода хоҳад бурд.

Ӯ гуфт: «Бар иловаи мулоқотҳои расмӣ сарони кишварҳои узви ИДМ дар алоҳидагӣ вомехуранд, сӯҳбатҳо мекунанд, «чашму рӯи одам ширин аст», метавонанд проблемаҳои худро ҳал кунанд. Агарчӣ муносиботи Тоҷикистону Узбакистон хуб нест, аммо умед аст, ки Ислом Каримов бо Эмомалӣ Раҳмон вомехӯрад, бо ҳамон меҳру муҳаббатҳои бародарӣ пайдо мешавад, баъзе сӯҳбатҳои хоссае мекунанд».

Ҳарчанд бовари коршиносон барои дар зудтарин фурсат ҳал шудани ихтилоф миёни Тоҷикистон ва Узбакистон кам аст, аммо онҳо танҳо роҳи музокира ва мусолиҳаро омили аслии беҳбуди равобити Душанбе ва Тошканд медонанд. Ин коршиносон мегӯянд, агар Тоҷикистон дар давраи раҳбарияш ба ИДМ тавонад ин мушкилро бо кумаки дигар кишварҳои узв, ба хусус Русия ҳал кунад, қадаме дар ҷиҳати ҳамгироии кишварҳо дар чаҳорчӯби ин созмон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG