Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди зарурати бозгашти марзбонони рус ба Тоҷикистон


Як мақоми аршади Тоҷикистон изҳороти бархе аз дипломатҳои Русияро дар бораи бозгашти эҳтимолии марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистонро бановақт ва беасос номид. Раиси Кумитаи қонунгузории конститутсионӣ ва ҳуқуқи инсон дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Муҳаммадалӣ Ватанов дар сӯҳбат бо хабаргузории "Азия-Плюс" гуфт, марзбонони тоҷик дар панҷ соли охир пас аз хуруҷи русҳо аз марзи байни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳимояи марз муваффақ будаанд ва ягон сабаби ҷиддии зарурати бозгашти русҳо ба ин марз мавҷуд нест. Ҷаноби Ватанов ҳамкории ду тарафро дар тақвияти марз кофӣ номид.
XS
SM
MD
LG