Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳодияи Аврупо ба узвияти Русия дар СҶТ ризоят дод


Сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо изҳор дошт, ки ин иттиҳодия аз узвияти Русия дар Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат ҳимоят кардааст. Бино ба гуфтаи вай, Карл де Гухт-комиссари тиҷоратии Иттиҳодияи Аврупо ва Элвира Набиуллина-вазири рушди иқтисоди Русия дар ин бора қабл аз оғози мулоқоти раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо ва Русия дар Бруссел ёддошти тафоҳум имзо кардаанд. Санади мазкур дар ҳоле имзо шуд, ки ҷонибҳо ихтилофи назарҳоро дар бораи узвияти Русия дар ин созмон бартараф сохтанд. Русия аз 17 сол ба ин сӯ талош дорад ба узвияти Созмони Ҷаҳонии тиҷорат дарояд.
XS
SM
MD
LG