Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари «Истиқлол» ба Кувайт


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2010-ум, рӯзи ҷумъа, 3-юми декабр, ба Кувайт сафар кард.

Ба иттилои Олимҷон Рафиков, сармураббии дастаи «Истиқлол», қаҳрамони Тоҷикистон дар Кувайт бо тимҳои ин кишвар ду бозии байнулмилалии дӯстона анҷом хоҳад дод.

Ин бозиҳо барои футболбозони тоҷик як марҳилаи омодагиҳо ба мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки нимаи дуввуми моҳи январ дар шаҳри Санкт- Петербурги Русия доир хоҳад шуд, маҳсуб мешавад.

Дастаи «Истиқлол» аз шаҳри Ал-Кувайт 9-уми декбар ба Душанбе бармегардад.
XS
SM
MD
LG