Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷикистон калиди ҷилавгирӣ аз маводи мухаддири Афғонистон"


Мақомоти СММ мегӯянд, ки Тоҷикистон калиди ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддири Афғонистон аст ва қочоқи маводи мухаддири Афғонистон ба Тоҷикистон ва аз онҷо ба дигар кишварҳо аз нигоҳи амниятӢ ва иҷтимоӣ таҳдиди ҷиддӣ ба шумор меравад.

Агар сарҳадоти Тоҷикистон ба рӯи маводи мухаддир баста шавад, ин мушкилот дар Осиёи Миёна ва фаротар аз он дар Русия коҳиш хоҳад ёфт.

Нақши калидии Тоҷикистон

Мақомоти идораи байналмиллалии мубориза бо маводи мухаддир ба ин назаранд, ки Тоҷикистон метавонад дар ҷилавгирии қочоқи маводи мухаддир ва тақвияти амнияти кишварҳои минтақа нақши калидӣ бозӣ кунад. Раиси ин идора Юрий Федотов аз талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ин замина ситоиш кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҷараёни маводи мухаддири Афғонистон ба амният ва рушди минтақаи Осиёи Миёна ва фаротар аз он таҳдиди ҷиддӣ бор меоварад ва Тоҷикистон хатти аввали дифоӣ барои мутаваққиф сохтани қочоқи маводи мухаддири Афғонистон мебошад.

Федотов, ки дар ҳоли дидор аз чандин кишварҳои ғарбӣ ва Осиёи Миёна мебошад мегӯяд, онҳо мушкилотеро, ки Тоҷикистон дар анҷоми ин вазифаи хатарнок бо он рӯбарӯ аст, дарк мекунанд.

Бар асоси тахминҳо, 15 фисад тамоми тарёки Афғонистон ва 20 фисади тамоми ҳероини он аз тариқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигар интиқол дода мешавад.

Федотов изҳор доштааст, ки идораи вай Тоҷикистонро ташвиқ мекунад, ки дар фаъолиятҳои мубориза бо маводи мухаддир дар сатҳи минтақа дохил шавад, махсусан дар фаъолияти иттилоотӣ ва ҳамоҳангии минтақавии Осиёи Миёна.

Тоҷикистон ва аҳамияти он дар амнияти минтақа

Вай афзудааст, Тоҷикистон метавонад дар ҷилавгирӣ аз интиқоли маводи кимиёвӣ, ки тарёкро ба маводи мухаддир монанди ҳероин табдил мекунад, ҳамкорӣ намояд.

Ҷаноби Федотов тааҳҳуд намудааст, ки ҳамкориро бо ҳукумати Тоҷикистон густариш медиҳад то ҳифозати мардуми ин кишвар ва дар маҷмӯъ минтақа таъмин шавад.

Оқои Федотов афзудааст, амният дар ниҳоят тавоноии барои замонати ҳифозати мардум мебошад. Аҳолии як кишвар бояд итмиънон ҳосил кунанд, ки метавонанд бидуни тарс аз ин, ки қурбони ҷинояткорон ва қочоқбарони маводи мухаддир шаванд, ба зиндагии худ идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG