Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Бишкек


Комроншоҳ бо падараш
Комроншоҳ бо падараш

Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони ҷавони тоҷик, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштии самбо байни наврасони то 17-сола барои гиромидошти хотираи устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷилдиз Айнақулов, ҷанговари интернатсионалист, медали тилло ба даст овард.

Ин мусобиқа бо ширкати 250 варзишгар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Комроншоҳ дар рақобатҳо дар вазни то 81 килограмм бар ҳамаи рақибонаш пирӯз гашт ва мақоми аввалро касб кард. Вай дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Ман, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар оилаи паҳлавонон Устопировҳо таваллуд шудаам, ҳоло донишҷӯи факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд мебошам. Соли 2010-ум барои ман соли бобарор гардид. Моҳи октябр дар сабқати ҷаҳонии наврасон дар шаҳри Тифлис барои аввалин бор ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтам. Орзу дорам, ки ба мисли ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов (рӯҳашон шод бод!) дар сабқати базургсолон қаҳрамони ҷаҳон шавам».

Дар мусобиқаи байналмилалӣ дар шаҳри Бишкек паҳлавонони дигари тоҷик Умархон Баҳодуров дар вазни то 60 килограмм ва Хуррамшоҳ Сайфиддинзода дар вазни то 75 килограмм (ҳарду аз вилояти Суғд) мақоми саввумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
XS
SM
MD
LG