Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хулосаи матбуоти чопи Душанбе


Аксари нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта мавзӯъи нишасти сарвазирони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Душанбе, сафари Путин ба Тоҷикистон, муносиботи сарди Тоҷикистону Узбакистон ва қарзҳои хориҷии Тоҷикистонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.

«Озодагон» зери сарлавҳаи «Путин ба ҳар сурат президентро мемонад» ба таҳлили мулоқоти сарвазрри Русия бо Эмомалӣ Раҳмон паси дарҳои баста пардохта, аз ҷумла навиштааст: «Аммо он чӣ ки ба Путин рабт дорад, ҳеҷ ҷои баҳс надорад, ки дар Душанбе ӯро сахт интизор буданд. Пеш аз нишасти СҲШ аксарияти таҳлилгарон мегуфтанд, зимни сафари аввали Путин ба симати сарвазир, муносиботи байни Душанбеву Маскав рӯшан хоҳад шуд. Гурӯҳе мегуфтанд, бахусус масъалаи будубоши сарҳадбонони рус дар марзи Тоҷикистон, тақдири фурудгоҳи низомии Айнӣ ва нерӯгоҳи Роғун ба баҳси ниҳоии худ мерсад. Ҳоло бошад, гуфтан бисёр душвор аст, ки дар фарзиягузориҳо ҳақ ба ҷониби кист. Зеро тафсилоти мулоқоти Раҳмон ва Путин, ки паси дарҳои баста ва тулонӣ сурат гирифт, шарҳ дода намешавад».

«Нигоҳ» дар сармақолаи худ, ки «350 доллар барои ҷасад» ном дорад, зимни баррасии ҳодисаи хунин дар сарҳади Тоҷикистону Узбакистон, ки дар бораи аз ҷониби марзбонони узбак кушта шудани як тоҷик ва сипас ба ивази пул баргардонидани ҷасади ӯ хабар медиҳад, бо такя ба вокуниши хонадагони ин ҳафтанома, навиштааст: «Рӯз то рӯз рафтори худхоҳонаи сарони кишвари ҳамсояро дар масоили сохтмони Роғун, ТАЛКО ва мушкилоти экологиву бастани роҳҳоро дидаву шунида, ҳайратамон меафзояд, ки чаро Узбакистон нисбати рушду пешрафти ҳамсоякишвари худ - Тоҷикистон чуни буғзу кина дар дил мепарварад?»

«Миллат» мусоҳибаеро таҳти унвони «Тоҷикистонро аз Узбакстон ҳимоят мекунам...» бо Раҳматулло Зоиров, ҳуқуқдони шинохта ва раиси Ҳизби сотсиал демократии Тоҷикистон нашр кардааст. Раҳматулло Зоиров ба суоли «Миллат», ки оё дар бораи даст доштани Узбакситону Русия дар ҳодисаҳои Рашт, чӣ назар доред, посух додааст, ки дар ҳодисаҳои Рашт даст доштани Узбаксиону Русия ҳанӯз исбот нашудааст. Барои инро исбот кардан, далелҳои қотеъ лозиманд.

«СССР» мақолаеро бо номи «Бунёди Сангдуда -2 пирӯзии ҳар узбек аст!» бо иқтибос аз навиштаҳои Тоҳири Абдуҷаббор иқтисоддони фақиди тоҷик оид ба баҳси истифодаи захоири оби минтақа нашр кардааст. Ин нашрия менависад: «Шояд Ислом Абдуғаниевич надонад, ки дар ҳудуди Тоҷикистон, ки танҳо дар таркиби пиряхҳои Помиру Зарафшон 500 километр ва дар дарёҳо 115 миллиард метри мукааб оби худӣ дорад, ҳазорҳо нафар бо азоби алими беобӣ гирифторанд, чӣ расад ба кишварҳое, ки захоири оби табиӣ надоранд. Дар ин маврид раҳоӣ яктост: шинохтани об ҳамчун захираи табиии оби интиқолдиҳандаи он ва ҷилавгирӣ аз обшавии бесобиқаи пиряхҳо».

«Наҷот» дар мақолаи худ бо номи «ҲНИТ ба фитна кашида намешавад» дар аввалсухан навиштааст, суханронии Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар намози ҷумъа, намозе, ки барои намозгузорони дафтари марказии ҳизб намози охирин буд, зеро дар асоси огоҳномаи Вазорати Адлияи Тоҷикистон манъ карда шуд» Ин нашрия инчунин афзудааст: «Мо тасмим гирифтем, ки манъ шудани намозро аз тарафи Кумитаи дин ва Вазортаи адлия дар ин марказ риоят кунем, вале талошҳоямонро барои ибодат, ки ҳаққи конститусионӣ ва вазифаи оинномавии мост, дар чаҳорчӯби қонун идома диҳем. Ва умед дорем, ки ба зудӣ ин масъала ҳалли худро меёбад ва мо боз метавонем дар ин макон чорабиниҳои мазҳабӣ ва фарҳангии худро идома диҳем».

Ҳамин нашряи дар мақолаи таҳлилии худ бо номи «Оё вакилони парлумон ҳаққи имтиёз доранд» бо ишора ба тасмими ахири намояндагони порламони Қирғизистон, ки бояд вакилони порлумон аз ҳама имтиёзҳои худ даст бикашанд, суоли оё вакилони порламони Тоҷикистон низ бояд аз имтиёзҳои худ куллан даст бикашанд ё хайр? -ро бо коршиносону аҳли назар дар миён гузшта ва посухҳои мухталифро дарёфт кардаааст.

«Фараж» аз озодшавии Муҳаммақосим Раҳимов, яке аз куҳансолтарин чеҳраҳои шинохтаи ҲНИТ аз маҳбас хабар додааст. Нашрия аз ӯ ҳамчун яке аз бунёдгузорони Ҳизби наҳзат ва ҳамкори Саид Абдулоҳи Нурӣ дар ин самт ном бурдааст.

«Нури зиндагӣ» мақолаи таҳлилиеро бо номи «Сабаби худкушии мардон чист?» ро пешкаши хонанда кардаааст. Дар он нашрия кӯшиш кардааст, ки мушкили худкуширо дар ҷомеъаи Тоҷикистон аз чанд зовия ба риштаи таҳлил бикашад. Ба гуфтаи «Нури зиндагӣ», яке аз омилҳои аслии афзоиши худкушии мардон, вазъи ногувори иҷтимоиву иқтисодӣ ва бекорӣ кишвар аст ва дар ним соли охир 200 маврид ба қайд гирифта шудааст.

«Озодагон» дар як мақолаи дигар, ки «Аз гаҳвора то гӯр қарздор. Қарз қарз аст ё имтиёзноку ё беимтиёз» ном гирифтааст, ба мавзӯъи қарзҳои берунаи Тоҷикистон пардохта, аз ҷумла менависад, ки қарзи берунаи Тоҷикистон дар муддати се соли оянда ду баробар афзоиш хоҳад ёфт.

Чунин изҳори нигаронӣ аз ҷониби намояндаи доимиии Сандуқи байналмилалии пул Арӣ Айзен баён карда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, қарзҳои хориҷии Тоҷикистон дар се соли оянда ҳудуди 60 дар сади ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилиро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG