Созмонҳои ҳуқуқи башар, ба шумули созмонҳои дохилии Тоҷикистон ва инчунин Amnesty International, World Coaltion against the Death Penalty ва Penal Reform International аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, ки ташаббуси лағви ҳукуми қатлро ба дасти худ бигирад ва аз ҳукумат тақозо кунад, ки дар зудтарин фурсат асноди лозимро ба ин манзур омода намояд ва инчунин протоколи ихтиёрии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсии Мисоқи (пакти) байналмилалиро ба тасвиб бирасонанд.
Созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар аз иҷрои комили қонуни мораторияи ҳукми қатл дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Аз соли 2004 ба ин сӯ, дар Тоҷикистон ба ҳукми қатл моратория эълон шуда ва ягон ҳукми қатл ба иҷро расонида нашудааст.
Дар се кишвари Осиёи Марказӣ, Туркманистон, Қирғизистон ва Узбакистон ҳукми қатл ба куллӣ лағв шудааст. Созмонҳои маҳаллӣ ва байналмилалии ҳуқуқи башар хостори лавғи ҳукми қатл дар Тоҷикистон бидуни истисно, дар ҳамаи мавридҳо шудаанд.
Даъвои ҷонибдорони ҳукми қатл
Аммо дар бештари мавридҳо ҷабрдидаҳо ба ҳукми додгоҳ эътироз мекунанд ва мехоҳанд фарди айбдор ба қатл маҳкум шавад.
Файзи Олӣ, вакили мудофеъ, низ мегӯяд, таҷрибаи баррасии парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои вазнин собит мекунад, ки аксарияти ҷабрдидаҳо дар нисбати ҷинояткорон хоҳони ҳукми қатл тавассути додгоҳ ҳастанд.
Ӯ мегӯяд: «Ҷабрдидаҳое ҳастанд, ки дигар намуди ҷазоро қабул надоранд ва бар инанд, ки чун пайванди онҳо қатл шудааст, пас ҷинояткор низ бояд ба қатл расад. Онҳо тавони бахшидани ҷинояткорро надоранд ва ба ҳамин тариқ мехоҳанд қатли пайвандашон ҷуброн карда шавад».
Аммо оё имкони бозпас ба ҳукми қат бар гаштани Тоҷикистон вуҷуд дорад?
"Тоҷикистон дигар ба ҳукми қатл бар намегардад"
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон дар яке аз баёнияҳои худ, чанде қабл гуфта буд, кишвараш дигарбора ба ин навъи ҷазо бар нахоҳад гашт.
Ӯ меафзояд: «Дар ҷомеаи навини Тоҷикистон, ки аз соли 2004 ба қонуни ҷиноии кишвар тағйирот ворид шуд ва ҳукми қатл манъ шуд, на имрӯз ва на оянда ба ин навъи ҷазо барнамегардем. Мо ҷомеаи шаҳрвандӣ сохта истодаем ва тарафи башардӯстӣ рафта истодаем, тарафи сабукии ҷазо. Ба ин хотир, фикр мекунам, дигар ҷазои қатл мувофиқи мақсад нест».
Ин дар ҳолест, ки бо манъи иҷрои ҳукми қатл дар Тоҷикистон аз 17 маи соли 2004 гузоришҳо ҳокист, ки мизони содиршавии ҷиноятҳои вазнин, ба хусус куштор, коҳиш наёфтааст.
Аммо Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик ва яке аз ташаббускорони лағви ҳукми қатл дар Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки ҷазои ҳукми қатл ё ҳабси абад ба вазъи ҷинояткорӣ, ба вижа ҷиноятҳои вазнин, таъсир намерасонад.
Ӯ мегӯяд, «Вақте шахсе фардеро ба қатл мерасонад, вай дар он лаҳза фикр намекунад, ки ба вай ҳукми қатл медиҳанд ё ҳабси абад. Ба ин хотир ҷазо ҳеҷ вобастагӣ ба мизони ҷиноят надорад. Аммо агар шахсе фикр кунад, ки абадӣ ин ҷазои осон аст, баръакс ин вазнин аст. Мо ҳамаамон як рӯз не як рӯз мемирем. Ин амри табииаст».
Аммо то кунун вокуниши мақомот дар робита ба муроҷиати созмонҳои ҳуқуқи башар садо надодааст.