Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Юрий Федотов


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Юрий Федотов, муовини дабири кулли СММ ва мудири раёсати назорат бар маводи мухаддир ва ҷинояткории ин созмон мулоқот кардаанд. Дар ин мулоқот масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар умури мубориза бо маводи мухаддир баррасӣ шудааст.

Қабл аз ин Юрий Федотов, бо мақомоти Оҷонси назорат бар гардиши маводи мухаддир ва ҳайати кормандони он дидор ва гуфтугӯ анҷом дод.

Оқои Федотов, аз фаъолияти кормандони Оҷонси назорати бар гардиши маводи мухаддири Тоҷикистон дар амри мубориза бо маводи мухаддир ва ҷилавгири аг густариши он тақдир ва ситоиш кардааст.

Оқои Федотов баъд аз мулоқот ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ҷомиаи байнулмилал ситоиш карда ва гуфт, СММ аз ин ба баъд ҳам ин кишварро пуштибонӣ хоҳад кард.

Ӯ гуфтааст: «Мо дар ҷанг алайҳи маводи мухаддир мағлуб нашудаем, аммо пирӯз ҳам наомадаем».

Оқои Федотов ҳамчунин афзудааст, ки Тоҷикистон мутахассисони корозмуда дорад ва таҷрибаи ҳамкорие, ки он бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин самт ба роҳ мондааст, барои ҳамаи кишварҳои минтақа намуна мебошад.

Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, як муассисаи муштараки Тоҷикистон ва СММ мебошад, ки дар даҳ соли пеш таъсис шуда буд.

Муовини дабири кулли СММ инчунин бо вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ва сафирони Русия ва ИМа дар Душанбе мулоқот намуда аз минтақаҳои ҳаммарзи Тоҷикистон бо Афғонистон боздид мекунад.

Тафсилоти бештар нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG