Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2011: қаҳрамонони кишварҳо муайян шуданд


Ширкаткунандагони мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, яъне бошгоҳҳои футболи қаҳрамонони кишварҳои ИДМ ва Балтик муайян шуданд.

Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Балтик аз 14-ум то 23-юми январи соли 2011-ум дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар маҷмааи варзишии «Петербургский» баргузор хоҳад шуд.

Ширкаткунандагони Ҷоми Иттиҳод:

«Зенит» (Русия), «Интер» (Озарбойҷон), «Шахтёр» (Укроин), «Тобол» (Қазоқистон), БАТЭ (Беларус), «Шериф» (Молдова),
«Экранас» (Литва), «Металлург» (Латвия), «Балкан» (Туркманистон), «Бунёдкор» (Узбакистон), «Левадия» (Эстония),
«Нефтчӣ» (Қирғизистон), «ИСТИҚЛОЛ» (ТОҶИКИСТОН), ХИК (Финляндия), «Пюник» (Арманистон).

Вале қаҳрамони Молдова - "Шериф" -и Тираспол ва бошгоҳи зӯртарини Беларус - БАТЭ-и Борисов аз ширкат дар Ҷоми Иттиҳод даст кашиданд. БАТЭ ба бозиҳои 1/16 ниҳоии Лигаи Аврупо омодагӣ хоҳад дид.

Бар асоси қавоиди Ҷоми Иттиҳод дар сурати аз ширкат дар мусобиқот даст кашидани қаҳрамони кишвар ба ҷои он метавонад бошгоҳи мақоми дуввумро касбкарда иштирок намояд. Агар он ҳам нахоҳад ширкат варзад, пас бошгоҳи ҷои саввумро ишғолнамуда имкони дар мусобиқот иштирок карданро пайдо мекунад. Дар мусобиқоти қаҳрамонии Беларус «Шахтёр» ҷои дуввум ва «Минск» ҷои саввумро соҳибӣ кардаанд.

Александр Иванов, сухангӯи Ҷоми Иттиҳод, ба сомонаи интернетии Cissoccer.com гуфтааст, дар мусобиқоти имсола низ намояндаи Финляндия ширкат меварзад. Инчунин дигар кишварҳое, ки ба ИДМ дохил нестанд, барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод дархостҳо пешниҳод кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар бозии ниҳоии мусобиқоти соли гузашта дар шаҳри Маскав дастаи ҷавонони «Рубин»-и Қазон бар «Оқтеппа»-и Қазоқистон бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуда буд.

Дар 18 мусобиқоти пешин шаш бор «Спартак»-и Маскав, панҷ бор «Динамо»-и Киев, ду бор «Шериф»-и Молдова, якборӣ «Нефтчӣ» ва «Хазар-Ленкоран»- ҳарду аз Озарбойҷон, «Динамо»-и Тбилиси, «Пахтакор»-и Тошканд ва «Рубин»-и Қазон Ҷоми Иттиҳодро ба даст овардаанд.
XS
SM
MD
LG