Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли бобарори пахтакорони Кӯлоб


Саттор Ғаффуров, раиси иттиҳодияи зиораткории мавсум ба «Баракат»
Саттор Ғаффуров, раиси иттиҳодияи зиораткории мавсум ба «Баракат»

Барои нахустин бор аст, ки пахтакорони минтақаи Кӯлоб имсолро соли муваффақ дар фаъолияти кории хеш унвон мекунанд. Саттор Ғаффуров, раиси иттиҳодияи зиораткории мавсум ба «Баракат» мегӯяд, баланд рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ имкон дод, ки онҳо ба тамом аз вазъи буҳронӣ берун шаванд.

Ҷаноби Ғаффуров, афзуд, онҳо аз қарзоҳе, ки даҳ сол қабл ба душ доштанд, танҳо имсол раҳо ёфтаанд. Фоида аз ҳосили пахта ба қавли ӯ имсол се маротиба бештар будааст.

Ӯ гуфт: «Соли гузашта агар 32 тона пахта супорида, як пул мегирифтем, имсол дар 10 тона пахта чунин маблағ мегирем. Ба ҷои 3 тонаву 200 кило мо имсол дар як тона пули онро гирифтем. Аз нарх баланд шудан мо фоидаи хуб гирифтем. Имсол ба гуфтае, каланди деҳқон дар зар зад.»

Дар ҳамин ҳол, Дилшод Абдулҳаев, як тан аз пахтакорони дигар мегӯяд, имсол баръакси дигар кишварҳои минтақа дар Тоҷикистон аз кишти пахта ҳосили хуб ба даст омадааст. Ӯ мегӯяд, солҳои қабл корхонаҳои пахтатозакунӣ пахтаро аз пахтакорон ғайринақдӣ қабул мекарданд, вале имсол ба пахтакорон пули нақд медиҳанд.

Ҳоло, ӯ мегӯяд, аз якбора баланд шудани пахта деҳқонон соли оянда метавонанд, худкифо фаъолият кунанд: «Пахтаро аз мо нақд мегиранд, ки солҳои дигар чунин набуд. Имсол соли бобарори мо деҳқонон будааст.»

Рақобат миёни корхонаҳо


Лашкарӣ Мирзоев, раиси корхонаи пахтатозакунии «Пахтаи Кӯлоб» мегӯяд, имсол миёни корхонаҳои пахтатозакунӣ низ рақобати шадид давом кард ва он корхонаҳое дар ин рақобат мувафақ шуданд, ки пахтаро бо нархи баландтар харидорӣ намуданд. Ӯ мегӯяд, то кунун, корхонаи онҳо беш аз 2 ҳазор тона пахтаро қабул ва коркард кардааст.

Вай афзуд: «Мо аз дигар корхонаҳои пахтатозакунӣ аз 60 то 80 долар маблағ зиёдтар додем. Барои ҳамин ҳавасмандӣ зиёд шуд.»

Президент хоҳиш карда буд, аммо...

Ду сол қабл Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон аз пахтакорон хоҳиш намуда буд, то кишти пахтаро коҳиш дода, ба ҷои он дигар маҳсулоти ниёзи мардум бикоранд.

Аммо Баҳриниссо Назарова, сармутахассиси Идораи кишоварзӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, аз машваратҳо бо кишоварзон ба чунин хулоса расидаанд, ки имсол майдони кишти пахта бештар хоҳад шуд, зеро деҳқонон аз он манфиати бештар дидаанд.

Саттор Ғаффуров, як тан аз пахтакорон бо тасдиқи ин гуфтаҳо мегӯяд, вақте президенти кишвар ин ҳарфҳоро гуфта буд, як тона пахта аз деҳқонон бо нархи сесад то чорсад долари амрикоӣ харидорӣ мешуд ва тақрибан ҳеҷ манфиате намедиданд. Ҳоло ӯ мегӯяд, онҳо дар фикри афзоиш заминҳои кишти пахта ва дарёфти тухмии мувофиқ ҳастанд.

Фахр аз муваффақияти муваққатӣ

Ин ҳам дар ҳолест, ки Орзу Ҳамидов, коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, аксари деҳқонони тоҷик дониши хуби кишоварзӣ надоранд, аз ин рӯ ҳамеша фоидаашон дар пай зарар қарор дорад. Бар ин асос, ба гуфтаи ӯ, кишоварзон набояд аз ин мувафақияти мувақаттӣ фориғбол гарданд.

Ӯ гуфт: «Деҳҳонони мо чун фоида ба даст оварданд, зуд дар паи мошинхариву дигар корҳои бемавриди худ мешаванд. Дар сояи ин мувафақияти худ намефаҳманд, ки чӣ тавр соле пас зарар дидаанд. Онҳо ба ҷои нақшакашиву барномарезӣ ва беҳбудии кори худ, тамоман дигар кор мекунанд.»

Дар ҳоле, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон бар асари офати табии ҳосили пахта ба даст наомад, тақрибан тамоми пахтакорони тоҷик аз муваффақияти худ сӯҳбат мекунанд. Имсол пахтакорони тоҷик як тона пахтаи худро аз 700 то ҳазор долари амрикоӣ фурӯхтанд. Соле қабл нарх дар бозори ҷаҳони коҳиш ёфта буд ва пахтаро аз пахтакорони тоҷик бо нархи 300 ва ниҳоӣ то 600 долари амрикоӣ харидорӣ менамуданд, ки пахтакорон ҳамеша аз қарзи зиёд ваз иён сӯҳбат мекарданд.
XS
SM
MD
LG