Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Бозиҳои XVI осиёӣ бо 4 медал 28-ум шуд


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар шаҳри Гуанҷоуи Чин бо чаҳор медал – 1 нишони тилло ва 3 нишони биринҷӣ дар байни 36 кишваре, ки соҳиби медалҳо шуд, ҳам аз рӯи навъи медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо дар ҷои 28-ум қарор гирифт.

Дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ беш аз 10 ҳазор варзишгар аз 45 кишвари қора ширкат доштанд. Дар Бозиҳои XVI осиёӣ 61 варзишгари тоҷик дар 16 намуд иштирок кард.

Дилшод Назаров дар гурзандозӣ бо нишони тилло, Расул Боқиев дар риштаи дзюдо, Муродҷон Тӯйчиев дар гуштии юнониву румӣ ва Ҷаҳон Қурбонов дар сабқати бокс бо медалҳои биринҷӣ сарфароз шуданд.

Дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар ҳисоби умумидастаӣ Чин ҷои аввалро касб кард. Мизбонон 416 медал гирифтанд, ки аз он ҷумла 199-тоаш нишони тилло, 119-тоаш нишони нуқра ва 98-тоаш нишони биринҷист.

Варзишгарони Куриёи Ҷанубӣ бо касби 232 медал (76+65+91) ҷои дуввум ва ҷопониҳо бо касби 216 медал (48+74+94) ҷои саввумро соҳибӣ карданд.

Дар байни даҳ дастаи беҳтарин, инчунин, Эрон, Қазоқистон, Ҳиндустон, Тайван, Узбакистон, Тайланд ва Малайзиё ҷойгир шуданд.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пас аз Қазоқистон (79 медал – 18+23+38, ҷои 5-ум), Узбакистон (56 медал + 11+22+23, ҷои 8-ум), Қирғизистон (5 медал – 1+2+2, ҷои 25-ум) ва пеш аз Туркманистон, ки медал надорад, ҷой гирифт.

Умуман, варзишгарони 36 кишвар соҳиби медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ гардиданд ва намояндагони 29 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Ҳамин тариқ, варзишгарони тоҷик дар панҷ давраи Бозиҳои осиёӣ ҳамагӣ 16 медал- 3 тилло, 2 нуқра ва 11 нишони биринҷӣ ба даст овардаанд.

Вале натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар беҳтар буд. Чаҳор сол пеш дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Доҳа бо касби 4 медал – 2 нишони тилло (Дилшод Назаров – гурзандозӣ ва Ҷаҳон Қурбонов - бокс) ва 2 нишони биринҷӣ (Расул Боқиев – дзю-до ва Шокирҷон Раҷабов – таэквон-до WTF) дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои 24-ум қарор гирифта буд, ки ин натоиҷи беҳтарини варзишгарони тоҷик шурӯъ аз соли 1994 то имрӯз дар Бозиҳои осиёӣ маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG