Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ дари масҷиди худро баст


Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи изтирории худ тасмим гирифтааст, ки фаъолияти масҷид дар қароргоҳи ин ҳизб қатъ шавад. Вазорати адлияи Тоҷикистон ахиран ба Ҳизби наҳзати исломӣ дар бораи «қатъ намудани фаъолияти ғайри қонунӣ» ё бастани масҷид ҳушдор дода буд.

Тасмими Шӯрои сиёсии ҲНИТ дар бораи бастани масҷид дар намози ҷумъаи имрӯз, 26 ноябр дар дар макази ҲНИТ эълон шуд. Гуфта мешавад ин тасмим ба эътирозҳои аъзои ҳизб, аз ҷумла занони намозгузор мувоҷеҳ шудааст. Аммо мақомоти ҲНИТ аз ҷамоъа хостанд, ки дигар барои гузоштани намоз ба маркази ҳизб ҳозир нашаванд.

"Азхудгузаштанҳо"-и ҲНИТ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили порлумони кишвар, гуфт, ки ин тасмими бастани масҷид азхудгузаштанҳои навбатии ҲНИТ дар баробари тақозоҳои ҳукумати кишвар мебошад.

Ӯ зимни суханронии худ аз намозгузорон тақозо мекард, ки ором шаванд ва хештандор бошанд. Ҷаноби Кабирӣ гуфт: «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тибқи қонуни ҷории кишвар амал кард, вале моддаи 20 қонун дар бораи озодиҳои виҷдон адои намоз ба ҷуз дар ҷойҳои мушаххас дар ҳар ҷои дигарро манъ мекунад. Ман фикр мекунам, кор набояд ба ҷое расад, ки мардум дар утоқи кории худ ҳам натавонанд намоз гузоранд. Мо талош хоҳем кард, ки ин меъёри қонун иваз карда шавад. Ин моддаи қонун хилофи Конститутсия, озодии виҷдон ва хилофи шаръӣ ва таълими Абуҳанифа аст».

Зимнан имрӯз барои охирон намози ҷумъа дар масҷиди ҲНИТ баргузор шуд.

Ҳушдори вазорати адлия ба ҲНИТ

Вазорати адлияи Тоҷикистон дар ҳушдори худ ба ҲНИТ гуфта буд, бояд фаъолияти масҷиди худро қатъ кунад. Дар ғайри сурат, бар асоси асли 20 қонуни аҳзоб масъалаи қатъи фаъолияти ҳизб матраҳ хоҳад шуд.

Дар огоҳиномаи вазорати адлия аз ҷумла омадааст: «Аз мактуби Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дида мешавад, ки 22-октябри соли 2010 дар натиҷаи гузаронидани санҷиш, ҲНИТ бархилофи қонуни дар боло зикршуда ва оинномаи ҳизб амал намуда, ҷои ҷойгиршавии мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбро воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Борбад 1, ҳамчун ибодатгоҳ истифода менамояд. Дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ҲНИТ огоҳ карда мешавад".

Вазорати адлия дар хулосаи огоҳиноми худ ҳушдор дода буд, ки дар сурати дар давоми даҳ рӯз иҷро нашудани шароити огоҳинома, нисбат ба ҲНИТ бар асоси моддаи 20 Қонуни Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» чора надешида мешавад.

Дар банди 20 қонуни мазкур ба вазорти адлия ҳуқуқ дода шудааст, ки барои қатъи фаъолияти ҳизби сиёсӣ ба додгоҳ пешниҳод ирсол кунад.

Дар ин банди қонун аз ҷумла гуфта шудааст: "...Агар ҳизб дар мӯҳлати даҳ рӯз талабҳоро дар бораи қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ иҷро накунад, фаъолияти вай мумкин аст бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати то шаш моҳ боздошта шавад".

Ҳарос аз ташвиқи ҲНИТ ё талаби иҷрои қонун?

Аксари таҳлилгарон ва сиёсатмадорон бар инанд, ки манъ намудани намоз дар қароргоҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз ташвиқи барномаҳои сиёсии ҳизб дар ҷамъияти намозгузорон аст.

Дар маъракаи интихоботи ахири парлумони кишвар дар миёни аҳзоби сиёсӣ танҳо Ҳизби наҳзати исломӣ буд, ки бо ҳизби ҳоким рақобат кард ва нерумандии худро намоиш дод.

Вале бархе аз коршиносони дигар ин иддаоро, ки ҳадаф маҳдуд кардани имконоти Ҳизби наҳзати исломӣ аст, рад мекунанд.

Фаридун Ҳодизода, раиси созмони Академияи муколамаи Тоҷикистон, мегӯяд: «Манъ кардани намоз дар маркази фарҳангии ҲНИТ имкон медиҳад, ки аъзои он ба масҷидҳои дигар бираванд ва дар байни мардум чеҳраи ҳизбро муаррифӣ кунанд. Муҳиддин Кабирӣ як чеҳраи харизматикист ва ин имкон медиҳад, дар миёни мардум дар масҷидҳои дигар ҳизбро муаррифӣ кунад».

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази стратегии назди президенти Тоҷикистон, мегӯяд, манъи намоз дар маркази фарҳангии ҲНИТ танҳо ба бархурди ҳизб ба иҷрои қонунҳои ҷории кишвар бастагӣ дорад.

Баҳси кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ва ҲНИТ аз тобистони гузашта то кунун идома дошт. Кумитаи дин фаъолияти масҷид ва гузоштни намоз дар қароргоҳи ҳизби сиёсиро хилофи қонун медонист. Аммо масъулини ҲНИТ мегуфтанд, ки гузоштани намоз ҳаққи конститутсионӣ ва вазифаи оинномавии онҳост.
XS
SM
MD
LG