Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри «Имрӯз News» мутаваққиф шуд


Чопи «Имрӯз News» - танҳо нашрияе, ки ба сурати рӯзнома дар Тоҷикистон мунташир мешуд, мутаваққиф шудааст. Муассисони ин «Имрӯз News» сабаби нашр нашудани рӯзномаро вобаста ба мушкилоти молӣ унвон кардаанд. «Имрӯз News» аз аввали моҳи сентябр ба фаъолияти худ оғоз карда буд.

Рустами Ҷонӣ, яке аз соҳибимтиёзони ин нашрия мегӯяд, ки сабаби нашр нашудани «Имрӯз News» танҳо ба мушкилоти молӣ вобаста аст ва ҳеҷ ангезаи дигаре надорад. Ӯ ҳар гуна сабаби дигар, аз ҷумла фишор болои рӯзномаро рад мекунад.

Оқои Ҷонӣ мегӯяд, ба маҳзи ҳал шудани мушкили молӣ нашри рӯзномаи «Имрӯз News» аз сар гирифта хоҳад шуд.



Бино ба хабарҳо инчунин ҳайати эҷодии рӯзномаи мазкур низ ба мураххасии иҷборӣ фиристода шудааст.

Мақомот: Мушкилро дар дохили рӯзнома аст

Шуҳрат Ҷабборов, масъули шӯъбаи иттилоот ва таҳлили назди Дафтари президенти Тоҷикистон, мегӯяд, дар робита ба қатъи нашри «Имрӯз News» ҳукумати кишварро гумонбар донистан дуруст нест. Ба қавли ӯ, мушкили «Имрӯз News»-ро бояд дар дохили рӯзнома ҷуст.

Раиси Анҷмани миллии расонаҳои озоди Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев мегӯяд, «Имрӯз News» ҳамагӣ бо тиражи 3 ҳазор нусха ба чоп мерасид ва ин рӯзнома аз обуна кор намегирифт. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ, пули рӯзнома танҳо барои чопу пардохти маош сарф мешуд, ки рӯзномаро ҳатман ба мушкилӣ рӯ ба рӯ мекард.

Ҳануз се моҳ қабл дар оғози нашри «Имрӯз News» сардабири он Раҷаби Мирзо гуфта буд, ки барои чопи рӯзнома аз бонк маблағ дарёфт кардаанд. Кормандони ин нашрия ҳамеша манбаи таъмини молии худро пинҳон медоштанд ва мегуфтанд, ки аз ҳисоби даромади молӣ шумораҳоро ба нашр мерсонанд.

Ҳадсу тахминҳои соҳибназарон

Вале ба қавли баъзе рӯзноманигорон, шояд таҳлилҳои боҷасорат дар саҳифаҳои рӯзнома, ба мисли мақолаҳои «Бояд Қонун дар бораи оппозитсия қабул кунем», «Ғуломони асри 21 зиёд мешаванд», «Халқ дигар фикр кардан намехоҳад», сӯҳбати ошкоро ва бепардаи Барзу Абдураззоқов бо кормандони рӯзнома ва навиштаҳо дар бораи фаъолияти ширкати IRS, нооромиҳои дар шарқи кишвар, сабаби дигари ба нашр нарасидани «Имрӯз News» шуда бошад.

Ҷумъабой Толибов, сардабири ҳафтаномаи мустақили «Пайкон», мегӯяд, бовар надорад, ки мушкили молӣ сабаби аслии ба чоп нарасидани «Имрӯз News» бошад. Ӯ гуфт: «Шояд сабаби дигар, ба мисли фишор аз ҷониби кадом мақомоти вуҷуд дошта бошад, вале кормандони нашрия пинҳон медоранд».

Дар ҳоле, ки ягона рӯзномаи Тоҷикистон «Имрӯз News» натавонист ба чоп расад, се ҳафтаномаи дигар - «Нигоҳ», «Фараж» ва «Пайкон», ки дар ин ҳафта ба нашр расиданашон суол буд, ба дасти хоанандагон расиданд. Ҳафтаномаи «Пайкон» аз тариқи чопхонаи «Муаттар»-и Ҳизби наҳзати исломӣ ба нашр расидааст.
XS
SM
MD
LG