Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии мунтахаби Афғонистон бар дастаи олимпии Тоҷикистон


Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар бозии дӯстона, ки 23-юми ноябр дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, аз мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ин бозӣ дар ҳузури 5 ҳазор тамошобин сурат гирифт.

Голро дар дақиқаи 20-ум Исрофил Кӯҳистонӣ, капитани тими мунтахаби Афғонистон, ба самар расонд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Афғонистон дар бозии аввали дӯстона, ки 17-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, аз тими миллии футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 1:0 мағлуб шуда буд.

Юсуф Коргар, сармураббии тими миллии Афғонистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: “Бурду бохти бозиҳои дӯстона бо тимҳои милливу олимпики Тоҷикистон барои мо муҳим набуд. Мо аз ин бозиҳо таҷоруби хуб касб кардем”.

Оқои Коргар афзуд, ҷамъомади таълимию тамринии тими мунтахаби Афғонистон дар шаҳри Душанбе 24-уми ноябр ба анҷом мерасад.

Ба гуфтаи Шариф Назаров, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, бозии дӯстона бо тими миллии Афғонистон барои футболбозони ҷавони тоҷик як марҳалаи омодагиҳо ба сабқати интихобии Бозиҳои олимпии соли 2012 маҳсуб мешуд.

Ёдовар мешавем, ки дар даври аввали ин сабқат мунтахаби Тоҷикистон бо тими олимпии Уммон рақобат хоҳад кард. Бозии аввал 23-юми феврали соли 2011 дар шаҳри Масқат ва бозии ҷавобӣ 9-уми март дар Душанбе баргузор хоҳанд шуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG