Раиси ҷумҳури Тоҷикистон доштани парчам, саф оростан зери он ва эҳтиром ба онро аз фарҳанги кӯҳани мардуми тоҷик унвон кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки дар парчами Куруши Кабир уқоб акс ёфта буд, ки он рамзи қудрат ва тавонмандӣ буд.
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати рӯзи парчам ҳамчунин гуфт: "Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд".
Оқои Раҳмон инчунин афзуд, ҷашни Рўзи парчам нишони эҳтиром ба рўҳи онҳоест, ки дар тўли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, бақои забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро то ба замони мо бар ивази ҷони худ таъмин кардаанд.
Парчами миллии Тоҷикистон дар соли 1992 аз ҷониби Шӯрои олии вақти кишвар қабул шуда буд. Он иборат аз се ранги сурх, сафед ва сабз аст ва дар миёнаҷои он ҳафшт ситора бар болои тоҷ акс ёфтааст.
Аз соли 2009 ба ин сӯ, 24 ноябр, рӯзи қабули он дар иҷлосисяи Шӯрои олӣ, Рӯзи парчами миллии Тоҷикистон эълон шуд ва соли дуввум аст, ки таҷлил мешавад.