Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои XVI осиёӣ: Тоҷикистон дар ҷои 23-юм


Мизбонон - варзишгарони Чин, ки дар даҳ рӯзи мусобиқот ҳамагӣ 304 медал, аз он ҷумла 154 нишони тилло ба даст овардаанд, дар ҷои аввал мебошанд.

Варзишгарони Куриёи Ҷанубӣ бо 177 медал, минҷумла, 60 нишони тилло дар ҷои дуввум ва ҷопониҳо бо 156 медал, аз ҷумла 31 нишони тилло дар ҷои саввум қарор гирифтаанд.

Умуман, то ҳоло варзишгарони 34 кишвар соҳиби медалҳои Бозиҳои XVI осиёӣ гардидаанд ва намояндагони 24 кишвар ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтаанд.

Тоҷикистон пас аз Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон ҷой гирифтааст. Қазоқистон бо 41 медал, аз ҷумла 5 тилло дар ҷои 10-ум, Узбакистон бо 30 медал, аз ҷумла 3 нишони тилло дар ҷои 14-ум ва Қирғизистон бо 4 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ дар ҷои 17-ум мебошанд. Вале Туркманистон то ҳоло медал нагирифтааст.

Пас аз Расул Боқиев, ки дар ин мусобиқоти бузурги қитъавӣ нахустин медалро барои Тоҷикистон дар риштаи дзю-до овардааст, вазишгари дигари тоҷик Дилшод Назаров дар сабқати гурзандозӣ бо натиҷаи 76 метру 44 сантиметр соҳиби ҷойи аввал ва нишони тиллои Бозиҳои XVI осиёӣ шуд. Дилшод нисбат ба варзишгари эронӣ Кова Мӯсавӣ, ки ҷои дуввумро гирифт, гурзро 7 метру 54 сантиметр дуртар ҳаво дод.

Ғайрат Неъматов, мураббии варзидаи тоҷик, ба радиои Озодӣ гуфт, Дилшод Назаров дар Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар низ барандаи медали тилло шуда буд (натиҷааш 74 метру 43 сантиметр).

Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз соли 1994 дар Бозиҳои Осиёӣ ин саввумин нишони тиллои варзишгарони тоҷик аст.

Дар бузургтарин мусобиқоти қитъавӣ дар Чин, инчунин, муштзани тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, барандаи медали тиллои Бозиҳои XV осиёӣ дар Қатар, дар сабқати бокс дар вазни то 91 кг дар нахустин рақобаташ бар муштзани Туркманистон Хидир Оразмамедов ба осонӣ дар раунди аввал аз рӯи холҳо бо натиҷаи 24:2 ғалаба кард ва ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт. Вай ҳадди ақал бо нишони биринҷӣ сарфароз хоҳад шуд.

Ҷаҳон Қурбонов 24-уми ноябр бо муштзани Ҳиндустон Манприт Сингҳ барои ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтан рақобат хоҳад кард.

Вале муштзани тоҷик Мавзуна Чориева дар сабқати занон дар даври аввал аз рақибаш Саида Ҳусейноваи қазоқистонӣ аз рӯи холҳо бо ҳисоби 4:10 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои нишони Бозиҳои осиёӣ маҳрум гашт.
XS
SM
MD
LG