Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: Мубориза барои медалҳои биринҷӣ идома дорад


Бозиҳои даври 35-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Вале баъди ҷамъбасти ин давр мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот тағйир наёфт.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки пешакӣ соҳиби медалҳои тиллои мусобиқот гаштааст, 21-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо тими «Энергетик»-и Душанбе рӯбарӯ шуд. Бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи «Истиқлол» анҷом ёфт. Дар дақиқаи 10-уми бозӣ пас аз зарбаи бозигари «Истиқлол» тӯб ба пои ҳимоятгари «Энергетик» Бахтиёр Азимов бархӯрд ва вориди дарвоза шуд (автогол).

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки пешакӣ медалҳои нуқраи мусобиқотро соҳибӣ кардааст, дар майдони худ бар тими «Хайр»-и Ваҳдат, ки яке аз муддаиёни медалҳои биринҷист, бо ҳисоби 2:1 пирӯз гашт. Голҳои мизбононро Сардорбек Эминов ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (аз ҷаримаи 11-метра) дар нимаи аввали дидор ба самар расонданд. Голи меҳмононро Маҳмадлоиқ Нуриддинов дар нимаи дуввуми бозӣ зад.

Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров низ бар тими меҳмон - ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Ба голи Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир») бозигарони тими мизбон Сӯҳроб Эгамбердиев ва Фахриддин Шарифов бо ду гол ҷавоб гардонданд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ дастаи «Равшан»-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод. Ду голро Шӯҳрат Шамсиев ва як голро Зокир Бердиқулов ба ҳадаф расонданд.

Инчунин бозии даври 36-ум байни дастаҳои “Равшан” ва “Парвоз”, ки пешакӣ дар варзишгоҳи “Фурудгоҳ”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, бо ҳисоби 3:0 ба нафъи “Парвоз” ба анҷом расид. Голҳоро Сӯҳроб Эгамбердиев, Мансур Ҳакимов ва Абдусамад Ҳоҷибоев заданд.

Ба ин тартиб дастаҳои “Вахш” ва “Хайр” барои ҷои севум талош доранд. Агар “Хайр” дар бозии охиринаш дар майдони худ бар тими “Хуҷанд” пирӯз шавад, ба дастаи “Вахш” барои гирифтани ҷои севум дар ду бозии охирин бо “Регар-ТадАЗ” (дар майдони худ) ва “Истиқлол” (дар меҳмонӣ) як хол ба даст овардан кофист.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Истиқлол»

31

25

6

0

75-17

81

2.

«Регар-ТадАЗ»

31

22

5

4

81-23

71

3.

«Вахш»

30

15

8

7

41-26

53

4.

«Хайр»

31

15

6

10

55-41

51

5.

«Энергетик»

31

11

4

16

38-43

37

6.

ССКА «Помир»

31

9

10

12

34-48

37

7.

«Хуҷанд»

31

8

8

15

41-54

31

8.

«Парвоз»

32

6

6

20

35-72

24

9.

«Равшан»

32

1

3

28

18-95

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф РАБИЕВ («Истиқлол») – 30 гол, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 18, Обидҷон ИСМОИЛОВ («Хайр») – 15, Жаилтон ОЛИВЕЙРА («Регар-ТадАЗ»), Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 13-голӣ.

Даври 36-ум:

24-уми ноябр (чоршанбе)
«Вахш» - «Регар-ТадАЗ» , варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа
«Хайр» - «Хуҷанд», варзишгоҳи “Хайр”-и Ваҳдат

26-уми ноябр (ҷумъа)
ССКА «Помир» - «Энергетик», варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе

Бозии мавқуфмондаи даври 25-ум

27-уми ноябр (шанбе)

«Истиқлол» - «Вахш», варзишгоҳи марказии Душанбе.
Ҳамаи чаҳор бозии охирини мусобиқот соати 14 шурӯъ мешаванд.
XS
SM
MD
LG