Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон як зина боло – 149-ум шуд


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон як зина боло шуд ва бо 121 имтиёз дар ҷои 149-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни ҷамоҳири собиқи Шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон пеш аст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ 3 зина поин - 13-ум шуд.

Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: ҷои 36-ум (35-ум буд) Укроин. 40 (42) Беларус. 46 (48) Литва. 59 (60) Арманистон. 73 (74) Латвия. 74 (74) Эстония. 78 (875) Гурҷистон. 84 (78) Молдова. 90 (91) Озарбойҷон. 106 (96) Узбакистон. 134 (142) Туркманистон. 137 (137) Қазоқистон. 149 (150) Тоҷикистон. 176 (173) Қирғизистон.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони ҷаҳон, дар феҳристи навини FIFA бо 1920 имтиёз мисли пешин дар ҷои аввал аст. Ҳолланд, барандаи медали нуқраи Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010, бо 1718 имтиёз дар ҷои дуввум ва Бразил бо 1493 имтиёз дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Олмон, Аргентина, Инглистон, Уругвай, Португол, Хорватия ва Миср ҷойгир шудаанд.

Бояд тазаккур дод, натиҷаи беҳтарини дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 114-ум дар моҳи июли соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти Тоҷикистон ҷои 180-ум аз рӯи натиҷагирии моҳи июли соли 2003-юм буд.
XS
SM
MD
LG