Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии тими миллии Тоҷикистон бар мунтахаби Афғонистон


Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии дӯстона, ки 17-уми ноябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор шуд, бар мунтахаби Афғонистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Ин бозӣ бахшида ба Рӯзи ФИФА – Федеросиюни байнулмилалии футбол дар ҳузури 5 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Голи ягонаро ҳимоятгар Фаррух Чориев дар дақиқаи 33-юм ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки дар замони изофии нимаи аввали дидор сардовари бозӣ Диловаршоҳ Орзуев, довари ФИФА (Тоҷикистон), барои бо даст бозӣ кардан ба Соҳиб Ислом, бозигари тими Афғонистон, корти зард нишон дод, вале ӯ ба ҳукми сардовар эътироз кард. Бинобар ин сардовар ин дафъа ба ӯ корти сурх нишон дод ва Соҳиб Ислом аз ҳақққи идомаи бозӣ маҳрум шуд.

Вале бо вуҷуди он ки дар нимаи дуввуми бозӣ аъзои тими Афғонистон як нафар кам буд, меҳмонон ба мизбонон имкон надоданд, ки ҳисобро афзун кунанд.

Пас аз анҷоми ин бозии дӯстона Юсуф Коргар, сармураббии тими мунтахаби миллии Афғонистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт: «Бозие, ки имрӯз буд, бозии дӯстона буд. Бурду бохташ барои мо муҳим набуд. Ҳам бародарҳои тоҷик ва ҳам тими Афғонистон футболи нағз карданд. Тими миллии Тоҷикистон таҷоруби зиёди бозии байнулмилалӣ дорад, вале тими Афғонистон ҷавон ва тозаворид ва таҷрибааш камтар аст. Мо ин бозиро барои баланд рафтани таҷоруби худ анҷом додем. Иншооллоҳ, дар бозии оянда умедвор ҳастем, ки пирӯз шавем. Ин тиме, ки шумо дидед, тими миллии Афғонистон нест. Ин тими мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Афғонистон аст. Бозигарони тими миллии кишвари мо, ки дар бошгоҳҳои футболи Олмону Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бозӣ мекунанд, дар ин дидор ширкат надоштанд ва онҳо дар мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё иштирок хоҳанд кард».

Ба иттилоъи Федеросиюни футболи Тоҷикистон тими миллии Афғонистон таҳти раҳбарии мутахассиси олмонӣ Клаус Штарк дар шаҳри Душанбе машғулиятҳои таълимию тамринӣ анҷом медиҳад. Футболбозони Афғонистон дар Душанбе то рӯзи 24-уми ноябр тамрин хоҳанд кард. Ва дар доираи ҷамъомади даҳрӯзаи таълимию тамринӣ баргузории боз як бозии дӯстона бо футболбозони тоҷик ба нақша гирифта шудааст.

Футболбозони Афғонистон бозии дуввуми дӯстонаро бо тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон 23-юми ноябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода анҷом хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG