Масъулини ин ду нашрия, Саймуддин Дӯстов, муҳаррири "Нигоҳ" ва Хуршеди Атовулло, сардабири "Фараж" мегӯянд, ки чанд ҳафта аз нашр боз мондани нашрияҳо ва эҷоди мушкил барои чопи онҳо боиси он нашудааст, ки самтгирии онҳо тағйир карда бошад. Балки бо шеваи маъмулӣ ва бо ҳамон тарзе, ки қабл мутаваққиф шуданашон ҳаводисро бозтоб мекарданд, ба фаъолияти худ идома хоҳанд дод.
Ба думболи як баҳси лафзии миёни бархе мақомот ва оғози тафтиши молии фаъолияти нашрияҳо чопхонаҳои Душанбе аз нашри ҳафтаномаҳои "Нигоҳ","Фараж" ва "Пайкон" сарфи назар намуданд.
Баҳси миёни мақомот ва нашрияҳои мустақил замоне пеш омад, ки ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ болои корвони мошинҳои вазорати дифоъ дар минтақаи Рашт сурат гирифт ва бар асари он 25 сарбози Артиши Тоҷикистон кушта шуданд. Ва мақомот, хоса вазири дифоъ аз наҳваи бозтоби ин ҳодиса дар нашрияҳо ба шиддат интиқод намуданд.
Вазири дифоъ дар вокуниши худ ба бозтоби ҳаводиси Рашт расонаҳои мустақиро ҳамкори терористон унвон намуда буд, ки дар натиҷа ҷомеаи хабарнигорон хостори узрхоҳии вазири дифоъ шуданд.
Аммо ба зудӣ чопхонаҳо аз нашри ин ҳафтаномаҳо ба далели номаълум сарфи назар карданд. Ва ҳудуди яку ним моҳ ин ҳафтаномаҳо рӯи чопро надиданд.
Нашр нашудани ин се ҳафтанома ва ҳамчунин баҳсҳои додгоҳии чанд нашрияи дигар боиси изҳори нигаронӣ ва интиқоди чандин созмони байналмилалӣ ва инчунин сафирони кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе шуда буд.