Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии "Хайр" бар рақиби аслиаш - "Вахш" дар Ваҳдат


Рӯзҳои 14-ум ва 15-уми ноябр бозиҳои даври 34-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Соҳибони ҷойҳои якуму дуввум пешакӣ муайян гаштаанд, вале мубориза барои ҷои саввум идома хоҳад кард.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе рӯзи якшанбе мебоист дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров қувваозмоӣ мекард. Вале дастаи меҳмон ба бозӣ ҳозир нашуд ва бар асоси низомномаи мусобиқот «Парвоз» бо ҳисоби техникии 0:3 мағлуб ҳисобида шуд. «Истиқлол» бо 78 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст ва пешакӣ ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф гаштааст.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки бо 68 имтиёз дар ҷои дуввум аст ва медалҳои нуқраи мусобиқотро азони худ кардааст, 14-уми ноябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и Турсунзода бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Ҷомихон Муҳиддинов ва Хуршед Маҳмудов ба самар расонданд.

Ду бозии дигари даври 34-ум рӯзи душанбе, 15-уми ноябр, баргузор шуд. Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бар рақиби аслиаш – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Дар ин бозии пуршиддат Обидҷон Исмоилов, бозигари «Хайр», дар дақиқаи 15-ум ҳисобро кушод. Пас аз 12 дақиқа Рустам Хоҷаев, капитани «Вахш», ҳисобро баробар кард. Голи ҳалкунандаро Маҳмалоиқ Нуриддинов дар дақиқаи 62-юм зад.

Бо вуҷуди бохт «Вахш» бо 53 имтиёз мавқеашро дар зинаи саввум нигаҳ дошт. «Хайр” бо 51 имтиёз дар ҷои чаҳорум қарор дорад. Ҳарду даста муборизаро барои медалҳои биринҷии мусобиқот идома хоҳанд дод.

Бозии охирини даври 34-ум байни ССКА “Помир”-и Душанбе ва дастаи меҳмон– “Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки 15-уми ноябр дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахти кишвар сурат гирифт, бо ғалабаи мизбонон ба анҷом расид. Голҳоро Ҷонибек Ғаффоров ва Давронҷон Тухтасунов вориди дарвозаи “Хуҷанд” карданд.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Истиқлол»

30

24

6

0

74-17

78

2.

«Регар-ТадАЗ»

30

21

5

4

79-22

68

3.

«Вахш»

30

15

8

7

41-26

53

4.

«Хайр»

30

15

6

9

54-39

51

5.

«Энергетик»

30

11

4

15

38-42

37

6.

ССКА «Помир»

30

9

10

11

33-46

37

7.

«Хуҷанд»

30

7

8

15

38-54

28

8.

«Парвоз»

30

4

6

20

30-71

18

9.

«Равшан»

30

1

3

26

18-89

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф РАБИЕВ («Истиқлол») – 30 гол, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 17, Обидҷон ИСМОИЛОВ («Хайр») – 15, Жаилтон ОЛИВЕЙРА («Регар-ТадАЗ»), Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 13-голӣ.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG