Имрӯз, панҷшанбе аз соати 14 то 17 ва фардо ҷумъа аз соати 10 то 17 барои касоне, ки мехоҳанд изҳори андӯҳи худро дар дафтари ҳамдардӣ ба Абдуталип Ахмедов сабт кунад, дарҳои сафорати Қазоқистон боз хоҳанд буд.
Имрӯз наздикон ва хешовандони Ахмедов аз Қазоқистон ба Душанбе меоянд ва қарор аст ҷанозаи Абдулатиф Ахмедов рӯзи 13-уми ноябр аз Душанбе ба Алмаато интиқол шавад.
Абдуталип Ахмедов аз соли 2008 то кунун сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон буд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалии Маскав (МГИМО) буд ва қабл аз тайин шуданаш ба унвони сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон, консули генералии кишвараш дар Туркия буд.