Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» пешакӣ қаҳрамони Тоҷикистон шуд


Дастаи футболи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе, ки бо 75 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст, барои аввалин бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф шуд.


«Истиқлол» - қаҳрамони Тоҷикистон

Тими «Истиқлол», ки бозии даври 33-юми мусобиқотро 10-уми ноябр дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и маркази вилояти Суғд бо дастаи мизбон - «Хуҷанд» бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод, барои рақибонаш дастнорас гардид ва пешакӣ - се давр қабл аз анҷоми сабқати Лигаи олӣ соҳиби медалҳои тилло шуд.

Ду голи «Истиқлол»-ро беҳтарин нишонзани мусобиқот Юсуф Рабиев, капитани даста, ва Дилшод Восиев, аз ҷаримаи 11-метра, ба ҳадаф расонданд. Ду голи «Хуҷанд» ба Муҳаммад Уматқулов ва Беҳрӯз Сангинов мутааллиқ аст.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода рӯзи чоршанбе дар майдони худ ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Голҳоро аз дастаи мизбон Хуршед Маҳмудов, капитани даста, ва Ҷомихон Муҳиддинов ба самар расонданд. Як голи меҳмононро Давронҷон Тухтасунов зад.

Вале ин пирӯзӣ мавқеи «Регар-ТадАЗ»-ро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод. Футболбозони шаҳри Турсунзода мисли мусобиқоти соли гузашта ҷои дуввумро касб карданд ва бо медалҳои нуқра сарфароз хоҳанд гашт. «Регар-ТадАЗ» 65 имтиёз дорад.

Латукӯби сардовари бозии “Вахш” – “Равшан”

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа 10-уми ноябр дар майдони худ (варзишгоҳи “Пахтакор”) бо тими «Равшан»-и Кӯлоб рӯбарӯ шуд. Субҳон Хоҷамов, бозигари “Вахш”, дар дақиқаи 18-уми бозӣ ҳисобро кушод. Вале баъди 12 дақиқа дар майдон бетартибӣ, задухӯрди бозигарони ҳарду даста сурат гирифт. Сардовар Рустам Абдуллоев (Душанбе) ба се бозигари меҳмонон ва як бозигари мизбонон корти сурх нишон дод.

Баъди ин ҳукми сардовар меҳмонон ба Рустам Абдуллоев часпида, ӯро сахт латукӯб карданд. Вай бо сари хуншор бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона бурда шуд...

Бо ҳамин ҳодисаи нохушу нанговар, ки дар ҳузури ҳазорҳо тамошобинон сурат гирифт, бозӣ қатъ ёфт.

Ба иттилои Султон Қосимов, нозири ин бозӣ, ин ҳодисаи нохуш дар ҷаласаи кумитаи ахлоқи Федеросиюни футболи Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳоло дастаи «Вахш» бо 50 имтиёз дар ҷои севум аст. Рақиби аслиаш - «Хайр»-и Ваҳдат бо 48 имтиёз дар ҷои чаҳорум мебошад. Ҳарду даста барои медалҳои биринҷии мусобиқот талош доранд. Бозии байни ин ду даста, ки 15-уми ноябр дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат доир хоҳад шуд, бозии ҳалкунанда ва марказии даври 34-ум маҳсуб мешавад.

Бозии охирини даври 33-юм байни дастаи мизбон - “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Энергетик»-и Душанбе 11-уми ноябр дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ» баргузор хоҳад шуд.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Истиқлол»

29

23

6

0

71-17

75

2.

«Регар-ТадАЗ»

29

20

5

4

77-22

65

3.

«Вахш»

28

14

8

6

37-24

50

4.

«Хайр»

29

14

6

9

52-38

48

5.

«Энергетик»

29

10

4

15

36-41

34

6.

ССКА «Помир»

29

8

10

11

31-46

34

7.

«Хуҷанд»

29

7

8

14

38-52

28

8.

«Парвоз»

28

4

6

18

29-67

18

9.

«Равшан»

28

1

3

24

18-84

6


Голзанҳои беҳтарин: Юсуф РАБИЕВ («Истиқлол») – 30 гол, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 16, Обидҷон ИСМОИЛОВ («Хайр») – 14, Жаилтон ОЛИВЕЙРА («Регар-ТадАЗ»), Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 13-голӣ.

Бозиҳои даври 34-ум:

14-уми ноябр, якшанбе
«Равшан» - «Регар-ТадАЗ»
«Истиқлол» - «Парвоз»

15-уми ноябр, душанбе
ССКА «Помир» - «Хуҷанд»
«Хайр» - «Вахш»
XS
SM
MD
LG