Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандагони ҷавоизи Зебуннисо Рустамова


Мусобиқаи кушодаи ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷавоизи Зебуннисо Рустамова, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон ва барандаи медали биринҷии олимпӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе тӯли се рӯз идома кард, бо пирӯзии варзишгарони пойтахти Тоҷикистон ба анҷом расид.

Маҳмадрӯзӣ Шамсиддинов, сардовари ин мусобиқа, ба радиои Озодӣ гуфт, дар рақобатҳо беш аз 30 варзишгар аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ва 7 тирандози ҷавон аз устони Хуросони Ҷанубии Эрон ширкат карданд.

Дар сабқати занон душанбегӣ Албина Камолиддинова ғолиб шуд. Ҳамшаҳриҳояш – Зӯҳро Тағоева ҷои дуввум ва Фирӯза Зубайдова ҷои севумро касб карданд.

Сабқати мардон низ бо пирӯзии тирандозони Душанбе хотима ёфт. Фаррух Ҷӯраев ҷои аввалро соҳиб шуд. Алишер Раҷабов дар ҷои дуввум ва Ҷамолиддин Шамсиддинов дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Меҳрӣ Шамшеркаш аз Эрон, дар навъи “компоун” дар машқи М-1 бо 1326 имтиёз пирӯз шуд.

Дар ҳисоби дастаӣ ҳам миёни занон ва ҳам байни мардон дастаҳои Тоҷикистон-1, Тоҷикистон-2 ва Тоҷикистон-3 мутаносибан ҷойҳои якум, дуввум ва севумро ишғол карданд.

Ғолибони мусобиқа бо ҷавоизи Зебуннисо Рустамова мукофотонида шуданд. Ҷавоизро ба варзишгарон худи камонвари машҳури тоҷик, ки ба ифтихораш барои бори дуввум ин мусобиқа бо ибтикори Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Федератсияи камонварии кишвар баргузор шуд, супурд.

Ба гуфтаи Маҳмадрӯзӣ Шамсиддинов, мураббии варзидаи камонварӣ, ин мусобиқа барои аъзои дастаи мунтахаби Тоҷикистон як навъ санҷише буд пеш аз Бозиҳои XVI осиёӣ.

Оқои Шамсиддинов афзуд, дар ин бозиҳо Тоҷикистонро дар риштаи камонварӣ Фирӯза Зубайдова, хоҳарон Фотима ва Зӯҳро Тағоеваҳо, Ҷамолиддин Шамсиддинов намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG