Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармоягузории андак ба соҳаи илм дар Тоҷикистон


Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал - ЮНЕСКО гузориши солонаи илм дар ҷаҳонро нашр кардааст. Ба асоси ин гузориш Тоҷикистон дар соли 2007 танҳо 0,06 фоизи маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллиро сарфи пажӯҳиш ва ихтироъкорӣ кардааст, ки камтар аз ҳама кишварҳои дигари Осиёи Марказист.

Мирзо Муллоаҳмадов, донишманди тоҷик ва масъули иртибот бо расонҳо дар Фарҳангистони Улуми Тоҷикистон мегӯяд, ки маблағгузорӣ барои арсаи илм дар кишвар кам аст, аммо назар ба солҳои гузашта ба маротиб афзоиш ёфтааст:

Ӯ мегӯяд: “То имрӯз барои илм тақрибан сифру аз сад 11 дар сади тавлидоти нохолиси миллӣ ихтисос дода мешавад, вале барои пешрафти воқеъии илм ҳадди аққал бояд як фоизи онро ташкил диҳад. Ҳарчанд, ки сол ба сол будҷаи Академияи Илмҳо аз тарафи давлат бештар мешавад, вале ин ҳанӯз ҷавобгӯи талабот нест, зеро пешрафти илм тақозо мекунад, ки барои соҳаи илм маблағи бештар ҷудо карда шавад"

Ӯ афзуд, яке аз мушкилоти аслие, ки садди роҳи пешрафтҳои илмӣ дар Тоҷикистон мешавад, маблағгузории нокифояи барномаҳои илмӣ мебошад ва дар ҳоли ҳозир Фарҳангистони улум ба ҳукумат пешниҳод кардааст, барои иҷрои барномаҳои илмӣ маблағгузориро ҳадди аққал чаҳор баробар афзоиш диҳад.

Теъдоди пажуҳишгарон дар Тоҷикистон афзудааст

Дар Тоҷикистони сари ҳар 1 миллион нафар, 191 пажӯҳишгар мувофиқ меояд, ки дар муқоиса ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бисёр кам аст. Бар асоси омори мавҷуд, Тоҷикистон то соли 2007 бештар аз 5 600 пажӯҳишгар доштааст, ки нисфи зиёди онҳо дар муаасисаҳои таҳсилоти олӣ кор мекунанд.

Ба гуфтаи Мирзо Муллоаҳмадов, ин рақам тайи се соли ахир афзудааст Ба гуфтаи ӯ Фарзангистони улум ва муассисаҳои зертобеи он дар ҳоли ҳозир 2266 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 191 нафар доктори илм, 377 номзади илм ва 67 нафар академик мебошанд.

Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал, афзоиши пажӯҳишгарони ҷавон дар Тоҷикистон як аломати ташвиқкунандаи рушди илм дар кишвар хонда ва гуфтааст, аз соли 2005 то соли 2007 теъдоди пажӯҳишгарони зери синни 35 дар кишвар аз 173 нафар то ба 445 нафар афзудааст. Аммо айни замон ба гуфтаи ЮНЕСКО, теъдоди умумии олимону пажӯҳишгарон дар Тоҷикистон дар солҳои оянда коҳиш хоҳад ёфт, зеро насли олимони калонсоли тоҷик бознишаста хоҳад шуд.

Масъалаи дигаре, ки расидагӣ мехоҳад мудирияти муассисаҳои илмӣ ва таваҷҷӯҳии нокофӣ ба ҷавононест, ки мехоҳад пажӯҳишҳои илмӣ анҷом диҳанд. Мирзо Муллоаҳмадов дар ин робита мегӯяд, ҷавонон ҳамчунон таваҷҷӯҳи камтаре ба анҷоми корҳои илмӣ доранд. Аммо иллати ин ҳол дар чист?

Оқои Аҳмадов дар роҷеъ ба сабабҳои идомаи камтаваҷҷӯҳии ҷавонон ба илм мегӯяд: “Хусусан ба илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ҷавонон камтар меоянд ва як сабабаш он аст, ки маоши кормандони илмӣ нисбат ба дигар муассисаҳо камтар аст. Бинобар ин мо гуфтем, ки агар маблағгузорӣ бештар шавад, ҷалби ҷавонон ҳам бештар хоҳад шуд. Бо вуҷуди ин бояд гуфт, ки ин масъала ҳам сол ба сол беҳтар мешавад ва имсол дар қабули аспирантура ҷавонон нисбат ба солҳои пешин бештар омаданд ва дар бисёр аз муассисаҳои илмӣ ҷавонон бо озмун қабул шуданд".

Ба ҳамин тартиб, аксари масъулини муассисаҳои илмӣ низ ба ин боваранд, ки агар масъалаи маблағгузории барномаҳои илмӣ беҳтар шавад, ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ низ роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Зеро истеъдодҳо дар миёни ҷавонон вуҷуд доранд.

Маблағгузории бештар ва ислоҳот ниёзи Фарҳангистони улум

ЮНЕСКО мегӯяд, давлати Тоҷикистон бо дарки масъалаи омода кардани насли пажӯҳишгарони ҷавон, соли 2010-ро соли маориф ва фарҳанги техникӣ эълом кард. Ҳукумат ҳамчунин қасд дорад, кӯмакпулиҳо ба донишҷӯёни соҳибистеъдод дар донишгоҳҳу макотиби давлатиро ду баробар зиёд кунад.

Аммо як чизи дигар аз ҷанбаи фаъолияти донишмандони тоҷик номаълум мондааст, ки он ҳам шумораи патентҳое, ки ихтироъкорон ва ё донишмандони тоҷик гирифтаанд ва ҳам теъдоди мақолаҳое, ки пажӯҳишгарони тоҷик дар маҷаллаҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ нашр кардаанд. Дар интиҳо ЮНЕСКО мегӯяд, Тоҷикистон мавқеъи муносиби худ дар арсаи илм дар ҷаҳонро дар ҳоле метавонад, ишғол кунад, ки зербунёдҳои лозим барои илмро бунёд кунад.

Дар 67 муассисаҳои таҳқиқотии Тоҷикистон танҳо 16-тои онҳо пули худро сарфи хариди таҷҳизоти илмӣ ва озмоишгоҳӣ мекардаанд. Дигар ин, ки ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ низ дар ин замина метавонад ба кишвар кӯмак кунад. Аммо то соли 2010 танҳо 15 тарҳи илмии Тоҷикистон аз тарафи муассисаҳои хориҷӣ сармоягузорӣ шудааст ва дар кишвар танҳо 9 тарҳи муштараки пажӯҳишӣ амалӣ мешавад.

Мирзо Муллоаҳмадов гуфт: “Ҳоло муассисаҳои илмии мо бо созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ доранд ва дар назди Академияи Илмҳо маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ вуҷуд дорад, ки бисёр донишмандони тоҷик, бахусус олимони соҳаи илмҳои дақиқ аз он истифода мебаранд ва ба воситаи маблағҳои ин маркази илмӣ таҷҳизоти нав мегиранд ва барои муҷаҳҳаз кардани озмоишгоҳҳо аз онҳо истифода мебаранд”

Мирзо Муллоаҳмадов, ҳамчунин ислоҳот дар сохтори Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро як иқдоми дигари муҳим барои рушди илм дар кишвар хонд.
XS
SM
MD
LG