Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол» пешакӣ қаҳрамони Тоҷикистон хоҳад шуд


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки бо 74 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст, бешак, ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф хоҳад шуд.

Зеро дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки бо 62 имтиёз дар ҷои дуввум мебошад, пас аз бохт дар Душанбе аз рақиби аслиаш – «Истиқлол» бо ҳисоби 0:2, имкони дарёфти медалҳои тиллоро амалан аз даст дод.

Мирзо Маҳмадҷонов, масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Ба дастаи "Истиқлол" барои дарёфти медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар чаҳор бозии боқимонда як имтиёз ба даст овардан кофист. Ва аммо пас аз ғалабаи “Истиқлол” бар рақиби аслиаш – “Регар-ТадАЗ”, баъзе расонаҳои хабарӣ “Истиқлол”-ро пешакӣ қаҳрамони Тоҷикистон эълон карданд. Ба назари онҳо агар “Истиқлол” дар ҳамаи чаҳор бозии боқимондааш мағлуб шавад ва “Регар-ТадАЗ” дар ҳамаи бозиҳои боқимонда пирӯз гардад, холҳо баробар мешаванд ва аз рӯи натоиҷи бозиҳои миёни ҳарду “Истиқлол” мақоми аввалро касб хоҳад кард. Вале бояд гуфт, ки дар сурати холҳои баробар гирифтани дастаҳо дар мавриди муайян кардани қаҳрамон бозии иловагӣ ё бозии “тиллоӣ” баргузор хоҳад шуд. То анҷоми мусобиқот чаҳор даври дигар мондааст. Ва аммо шубҳае нест, ки “Истиқлол” пешакӣ ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф мешавад”.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар бозии мавқуфмондаи даври 25-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони худ бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард, бо 50 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот ба ҷои саввум баромад.

Дар ин бозӣ, ки 7-уми ноябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуд, голи ягонаро ҳамлагар Рустам Усмонов дар дақиқаи 13-ум ба самар расонд.

«Вахш» ва дастаи «Хайр»-и Ваҳдат, ки бо 48 имтиёз ба ҷои чаҳорум фуромад, барои медалҳои биринҷии мусобиқот талош доранд. «Вахш» нисбат ба рақиби аслиаш як бозӣ камтар анҷом додааст. Бозии байни ин ду даста, ки 15-уми ноябр дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат доир хоҳад шуд, бозии ҳалкунанда маҳсуб мешавад.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Истиқлол»

28

23

5

0

69-15

74

2.

«Регар-ТадАЗ»

28

19

5

4

75-21

62

3.

«Вахш»

28

14

8

6

37-24

50

4.

«Хайр»

29

14

6

9

52-38

48

5.

«Энергетик»

29

10

4

15

36-41

34

6.

ССКА «Помир»

28

8

10

10

30-44

34

7.

«Хуҷанд»

28

7

7

14

36-50

28

8.

«Парвоз»

28

4

6

18

29-67

18

9.

«Равшан»

28

1

3

24

18-84

6



Голзанҳои беҳтарин: Юсуф РАБИЕВ («Истиқлол») – 29 гол, Давронҷон ТУХТАСУНОВ (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 15, Обидҷон ИСМОИЛОВ («Хайр») – 14, Жаилтон ОЛИВЕЙРА («Регар-ТадАЗ») – 13, Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 12.

Бозиҳои даври 33-юм:

10-уми ноябр, чоршанбе
«Вахш» - «Равшан»
«Регар-ТадАЗ» - ССКА «Помир»
«Хуҷанд» - «Истиқлол»

11-уми ноябр, панҷшанбе
«Парвоз» - «Энергетик»
XS
SM
MD
LG