Серхио Батиста сармураббии дастаи мунтахаби Аргентина таъин шуд. Вай баъди аз ин симат даст кашидани Диего Марадона муваққатан иҷрокунандаи ин вазифа буд. Батиста ва Марадона соли 1986 дар Мексика бо медалҳои тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон мукофотонида шудаанд. Дастаи мунтахаби олимпии Аргентина бо сарварии Серхио Батиста соли 2008-ум соҳиби медалҳои тиллои Олимпиадаи Пекин гардидааст. Серхио Батиста то анҷоми мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Бразил ба тими миллии Аргентина раҳбарӣ хоҳад кард.
Диего Марадона рӯзҳои наздик президенти фахрии бошгоҳи футболи «Наполи»-и Итолиё таъин хоҳад шуд. Дар ин бора Аурелио Де Лаурентис, сардори бошгоҳи «Наполи», ба хабарнигорони итолиёвӣ хабар додааст. Вай гуфтааст, «Марадона, ки чанд рӯз пеш ҷашни 50-солагиашро таҷлил кард, ҳамчун қаҳрамони бемисли футбол ба чунин шараф арзанда аст. Умедворам, ки Марадона бо мақомоти андози Итолиё масъалаҳоро ҳал карда, ба «Наполи» бармегардад. Ман ба Аргентина меравам, то ки бо ӯ дар ин бора гуфтугӯ намоям», - изҳор кардааст Де Лаурентис.
Сомиршо Воҳидов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод байни донишҷӯён медали биринҷӣ ба даст овард. Ин мусобиқот бо ширкати 400 гуштигир аз 39 кишвар дар шаҳри Турини Итолиё баргузор шуд. Сомиршо дар рақобатҳо дар вазни то 66 килограмм бар ду рақибаш аз Озарбойҷону Маҷористон дастболо шуд, вале барои ба финал роҳ ёфтан аз Николай Куртеви булғор мағлуб гашт. Баъдан ӯ барои ҷои севум Семён Радулови укроинро шикаст дод ва бо медали биринҷӣ мукофотонида шуд. Сомиршо Воҳидов донишҷӯи соли дуввуми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Панҷакент мебошад.
Самандар Эрназаров, гуштигири тоҷик, барандаи медали биринҷии сабқати ҷаҳонии гуштии камарбандӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гардид. Вай дар рақобатҳо дар вазни беш аз 90 килограмм бар се рақибаш ғолиб омад, вале дар қувваозмоии чаҳорум мағлуб шуд ва мақоми севумро касб кард.
Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё дар шаҳри Тошканди Узбакистон дар сабқати гурӯҳӣ дар ҷои охирин қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякниҳоӣ маҳрум гашт. Футболбозони навраси тоҷик бозиро бо тими Урдун бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, баъдан аз мунтахаби Индонезия бо ҳисоби 1:4 ва дастаи мизбон - Узбакистон бо ҳисоби рекордии ин сабқат - 1:8 шикаст хӯрданд.
Дар ин барнома дар бораи иллати нокомии дастаи мунтахаби наврасони кишвар дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Тошканд Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федеросиюни футболи Тоҷикистон, Зоир Бобоев, сармураббии дастаи мунтахаби наврасони кишвар ва Абдураҳим Бобоев, мутахассиси варзидаи футболи тоҷик, изҳори назар мекунанд.