Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна метавон ёвари президент шуд?


Исми Муслиҳиддин Нурзод, донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, имрӯз дар донишгоҳ ва берун аз он маъруф аст. Ӯ чун ёвари ояндаи президент Эмомалӣ Раҳмон шинохта мешавад ва аз ҳоло ба ин мақом омодагӣ мегирад.

Зеро баъди як сӯҳбати рӯ ба рӯ бо ин ҷавони 18-сола, раисҷумҳур ба Муслиҳиддин ваъда дод, ки пас аз хатми донишгоҳ ӯро ба ҳайси ёрдамчии худ ба кор хоҳад гирифт ва устодону масъулини донишгоҳ низ муваззаф шудаанд, то таҳсили ин ҷавонро таҳти назорат бигиранд.

Мулоқоти сарнавиштсоз барои Муслиҳиддин

Шояд мулоқоти раисиҷумҳур бо устодону донишҷӯёни донишгоҳи миллиро дар рӯзи якуми сентябр аксарият дар ёд доранд. Бо таваҷҷуҳ ба суханронӣ ва андешаҳои як ҷавоне, ки худро Муслиҳиддин муаррифӣ кард, президент Раҳмон аз ӯ хеле тавсиф намуду гуфт, ӯро аз қабл тариқи сӯҳбатҳояш дар телевизион мешиносад. Муслиҳиддин аз ноҳияи дурдасти Масчоҳ барои таҳсил ба пойтахт омадааст ва мегӯяд, хеле ифтихор мекунад, ки президент ба ӯ таваҷҷӯҳ дораду ин мақомро сазовор медонад.

«Cарвари давлат дар ҳамон суханрониаш гуфтанд, ки «ман ифтихор дорам бо ту» ва барои ман ҳам боиси ифтихор буд шунидани ин сухан аз худи президенти кишвар. Мо барои он ифтихор мекунем, ки сарвари давлат бо миллаташ аст ва он ҷавонҳое, ки соҳибдонишанд ва аз мо бузургтару фаъолтаранд ҳукумату давлат ҳамеша ғамхорӣ онҳост ва онҳоро дастгирӣ мекунад.»

Баъди ин мулоқот, аз сӯи омӯзгорон ҳам ба Муслиҳиддин таваҷҷуҳи хос зоҳир мешавад ва моҳе чанд маротиба бо раҳбари донишгоҳ мулоқот дорад.

Муслиҳиддин яке аз таваҷҷуҳкардаҳои президент аст ва ба андешаи аксарият акнун дарҳои мувафақият ҳам ба рӯи ӯ боз шуд. Айнан мисли Таҳмина, рӯзноманигори ҷавоне, ки дар аксар мулоқотҳояш раиси ҷумҳур тавсифи ӯро мекунад.

Таҳмина Ҳасанова
Ояндаи ҷавонони "хушиқбол"

Сарнавишти Таҳмина ҳам дар соли 2004 баъд аз як суханронӣ дар назди раисиҷумҳур, ба гуфтаи худаш, ба самти мусбат тағйир ёфт. Ӯ донишҷӯ шуд ва ҳоло муаллифи чандин барномаҳо дар телевизиони «Сафина» аст. Дар як мулоқоташ бо ҷавонон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ӯ Таҳминаро аз майдони пахта пайдо ва ба илмомӯзӣ ҳидоят кард ва ҳоло ӯро чун як рӯзноманигори варзидаи тоҷик мешиносад.

Таҳмина мегӯяд, аз чандин мақомоти раҳбарикунанда пешниҳоди корро гирифтааст, аммо ҳоло барои ворид шудан ба сиёсат ва муаррифии худ чун як зани сиёсатмадор омодагӣ мегирад. Феълан дар бахши сиёсатшиносии аспирантураи Фарҳангистони улум таҳсил дорад.:

«Мо аз соли 2004 то имрӯз, чандин маротиба бо президенти кишвар сӯҳбати як ба як доштем, дар ҳама мулоқотҳо аз сӯҳбати роҳбари давлат бармеояд, ки нутқу овози ман ба онҳо писанд аст ва маро ҳамчун як шогирд, ҷавони соҳибистеъдод мешиносанду қадр мекунанд. Баъди таърифу ба ёд оварданҳои президент дар сӯҳбатҳо, муносибати ҳама роҳбарони корхонаву муассисаҳо бо ман тағйир ёфтааст, маро бисёр ба вазифаҳои роҳбарикунанда даъват мекунанд. Фикр мекунам, баъди хатми аспирантура шояд ҷойи корро иваз мекунам. Президент аз ман ояндаи дурахшонро интизоранд ва ман ҳам кӯшиш мекунам, ки ба боварии эшон сазовор бошам.»

Таъин шудан ба вазифа ё ҳидоят шудани як ҷавон аз сӯи бевосита президенти кишвар ба ин ё он соҳа дар Тоҷикистон, таҷрибаи нав нест. Тайи чанд соли ахир тавре мушоҳида мешавад, баъди мулоқот ё суханронии бархе аз ҷавонон дар ҳузури президент, аз сӯи ӯ интихоб ва ба маснадҳои болоӣ пешниҳод мешаванд. Барои мисол, мешавад аз Шаҳнози Беназир ёдрас шуд, ки чанд соли пеш дар синни 24, пас аз як сӯҳбат бо пешниҳоди президент, муовини раиси кумитаи кор бо ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, ки ин вазифа баробар ба вазифаи муовини вазир аст, таъин шуда буд, ҳарчанд баъдан ӯ тарки ин вазифа карду ҳоло мегӯянд, дар хориҷи кишвар ба сар мебарад.

Хилватшоҳи Маҳмуд, коршинос дар бахши масоили ҷавонон
Таҷрибаи хуб ва нодир

Аммо ба ҳар сурат, Хилватшоҳи Маҳмуд коршиноси ҷавони тоҷик мегӯяд, ин таҷрибаи хуб аст ва аз таваҷҷуҳи президенти кишвар ба наслу ғояҳои ҷавон дарак медиҳад.

«Онҳое, ки воқеан дониши баланд доранд, бояд аз сӯи мақомоти баланмартабаи Тоҷикистон, билхоса раисиҷумҳур кӯмак ва дастгирӣ шаванд. Онҳое бештар ҳидоят мешаванд, ки дастгоҳҳои гуногуни тарғиботӣ ва мушовирон то дафтарӣ президент маълумоти онҳоро мебаранд ва онҳое, ки ҳидоят шудаанд, имрӯз дар байни аксари мардум шинохта шудаанд. »

Тавре мушоҳида мешавад, худи ҷавонон ҳам аксаран кӯшиш мекунанд ба ҷаласаву мулоқоти раисиҷумҳур роҳ ёбанд ва худро муаррифӣ кунанду мушкилоташонро матраҳ созанд. Абдуғанӣ Маҳмадазимов, раҳбари анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон мегӯяд, даст ёфтан ба мансаб дар сохторҳои идории кишвар, имрӯз барои ҷавонони тоҷик ба сахтӣ даст медиҳад. Бинобар ин, ба андешаи ӯ, ҳоло аксари ҷавонон як роҳи хуби расидан ба имконияту муваффақиятро дар сӯҳбати рӯ ба рӯ бо президенти кишвар ва муаррифии донишу малакаи худ ба ӯ медонанд.

Монеаҳо дар роҳи рушди кадрҳои ҷавон

Оқои Маҳмадазимов дар зимн аз сиёсати нодурусти интихоби кадрҳо дар аксар сохторҳои қудратӣ ёдрас шуда гуфт: «Усули системавии рататсияи кадрҳо бояд бошад, аммо афсус, ки нест. Дар маҷмӯъ ду омил барои дастёбӣ ба мансабҳои идорӣ барои ҷавонон монеа эҷод мекунад. Дар мо садоқат на ба кор, балки ба сардор дар ҷои аввал меистад ва дуввум ин маҳал аст. Яъне намояндаи ин ё он маҳал будан барои дарёфти ҷойи кор муҳим аст.»

Ин ҳам дар ҳоле, ки ба андешаи Абдуғанӣ Маҳмадазимов, имрӯз дар кишвар ҷавонони бодонишу фаъол, хеле зиёданд, аммо онҳо аз ҷониби масъулин кашфу ба мансабҳои раҳбарикунанда пешбарӣ намешаванд ва дар ниҳоят ин боис дилсардии донишмандони ҷавон ва ё тарки кишвар кардани онҳо мешавад. Ӯ дар ин зимн як пешниҳод дорад:

«Дар институти такмили кормандони сохторҳои давлатӣ бояд як гурӯҳе ташкил шавад, ки ба ин ё он ноҳияву маҳалҳо сафар карда истеъдодҳои фавқулодаро кашфу ба корҳои давлатӣ ҷалб кунанд».

Дар маҷмӯъ, ба ақидаи аксарият, бо омадани насли ҷавон бо ғояву нерӯи тоза сари мансаб дар сохторҳои ҳукуматӣ, метавон ислоҳоти зиёд, навсозиҳову таҳаввулоти фаровонро интизор шуд. Муслиҳддин Нурзода, донишҷӯе, ки имрӯз чун ёвари ояндаи президенти кишвар шинохта мешавад, бар ин андеша аст, ки дарёфти мавқеъ дар ҷомеа ва соҳиб шудан ба мансабҳои идорӣ қабл аз ҳама, аз талошу истеъдоди худи ҷавонон вобаста аст. Онҳо бояд барои расидан ба аҳдофи худ кӯшиш кунанд ва мубориза баранд.
XS
SM
MD
LG