Дар ин бора ба радиои Озодӣ Саодат Одинаева, мураббии мактаби шоҳмоти шаҳри Душанбе хабар дод. Вай афзуд: «Надежда Антонова аз рӯи натоиҷи ба даст овардааш дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия соҳиби ин унвон шуд. Вай дар 11 бозӣ 6,5 имтиёз гирифт. Надежда бар рақибонаш - шатранҷбозони Барбадос, Яман, Пуэрто-Рико, Замбия ва Ироқ ғолиб омада, бозиҳояшро бо намояндагони Озарбойҷон, Туркманистон ва Босния ва Ҳерсеҳовин мусовӣ анҷом дод».
Ба иттилои хонум Одинаева шатранҷбози моҳир Надежда Антонова, ки донишҷӯи соли панҷуми Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон аст, бозии шоҳмотро аз модараш, мураббии шоҳмот Лидия Антонова омӯхтааст. Солҳои ахир Надежда ва Лидия Антоноваҳо, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар шомиланд, ҳамроҳ дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байнулмилалӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд.