Абдураҳмон Бузмаков, раҳбари раёсати умури дохилаи ин вилоят гуфтааст, ки ин афрод ба тадриси ғайрирасмии дин ба 189 кӯдак айбдор мешаванд.
Ҷарима барои "таълими ғайриқонунӣ"
Ҷаноби Бузмаков афзуд, ин муллоҳо ва «нимчамуллоҳо»-ро бар асоси моддаи 474-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, пардохти ҳазорҳо сомонӣ ҷарима ба сифати ҷазо интизор аст.
Раҳбари раёсати умури дохилаи Хатлон дар посух ба суоли радиои Озодӣ дар мавриди ин, ки чаро фаъолияти 20 «муаллими мадрасаҳои хонагӣ»-ро вай ғайриқонунӣ мешуморад, гуфт:
«Дар асоси оинномаи дин ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фақат шахсе метавонад ба додани маълумоти динӣ машғул шавад, ки дорои иҷозатномаи махсуси Кумитаи дини назди ҳукумати кишвар бошад, ҳамчунин бояд ризоияти падару модари толибилмон, иҷозаи ҳукумати ҳамон шаҳру ноҳияеро дошта бошад, ки дар ҳудуди он зиндагӣ мекунад ва низ Шӯрои уламои маҳаллӣ огоҳ бошад. Бояд таълимдиҳанда шаҳодатнома, сертификати фаъолият дошта бошад. Аммо мутаассифона, он ҳолатҳое, ки мо ошкор кардаем, бар хилофи ҳамин талаботҳо буданд…»
Сардори раёсати корҳои дохилии Хатлон афзуд, шумораи мактабҳои хонагии таълимоти динӣ бавижа дар навоҳии Қубодиёну Панҷ зиёд аст, ки кашфи 130 кӯдаки толибилм дар чунин таълимгоҳҳо гувоҳи ҳол аст.
Мақомот мегӯянд, таълим дар мадрасаҳои ғайрирасмии хонагӣ дар шароити бад ҷараён гирифта, мӯҳтавои дарсҳо низ барои мақомот норӯшан будааст.
Тақвияти тафтиши мударрисон
Шиддат гирифтани тафтишу санҷиши фаъолияти домуллоҳо аз ҷониби мақомот дар ин авохир бисёре аз сокинони маҳаллиро нигарон кардааст. Эътибор Раҳмонова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, вай ва ҳамсараш мехостанд, ки фарзандони худро барои омӯзиши рукнҳои ислом ва аз бар кардани Каломуллоҳ ба назди домуллои маҳалла фиристанд. Аммо бинобар таъқиби ғайрирасмии домуллоҳо аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ ва ба хотири амнияти фарзандон, хонум Раҳмонова тасмим гирифтааст, ки тоату ибодатро ба онҳо худаш таълим диҳад:
«Фарзандонам, ки яке дар синфи 7-ум ва дуввумӣ дар синфи 6-и мактаб мехонанд, дар хона боз таълимоти динӣ ҳам мегиранд. Ба онҳо намозро худам меомӯзонам, боз сураҳоро меомӯзонам. Ин ҳамааш барои ояндаи худашон, то ки аз илми динӣ ҳам бо хабар бошанд. Мо, албатта, намехоҳем, ки фарзандамон терорист шаванд, аммо бо ин баҳона манъ кардани онҳо аз таълимоти исломӣ ҳам дуруст нест…»
Коршиносони маҳаллӣ бар ин назаранд, ки бо вуҷуди часпу талоши мақомоти интизомӣ, ҳамоно уламои дин ба сурати ошкору пинҳон ба таълими кӯдакон идома хоҳанд дод. Зеро ба гуфтаи худи онҳо, бар асоси қавонини шариат ва фармудаҳои Худову Расули ӯ, ҳар як олими дин бояд донишҳои худро ба насли баъдӣ интиқол бидиҳад.
Азимҷон Ваҳҳобов, коршиноси масоили дин, мегӯяд, шароити мадрасаҳои расмии исломии Тоҷикистон ва низ мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ барои таълими ислом ба ҷавонони тоҷик нокофӣ буда, танҳо ҳудудан 5 то 10 дарсади ҷавонони толибилм аз чунин шароит бархурдоранд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомоти Кумитаи дин танҳо дар нимаи аввали соли ҷорӣ сабтиноми 3 мадраса, 7 масҷиди ҷомеи марказӣ ва шуморе аз масҷидҳои панҷвақтаро ба далели “комил набудани аснодашон” рад кардаанд.