Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Ҷаҳони варзиш»: аз толори гуштӣ ба майдони футбол


Комроншоҳи Устопириён, қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни наврасон
Комроншоҳи Устопириён, қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни наврасон

Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» нахуст мусоҳибаи мо бо паҳлавони ҷавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён, қаҳрамони ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни наврасон, ба таваҷҷӯҳи шунавандагон пешкаш мешавад.

Чунон ки дар барномаҳои пешин хабар дода будем, паҳлавонони ҷавони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни наврасон, ки дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон баргузор шуд, як медали тилло ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Комроншоҳи Устопириён, ки дар вазни то 81 килограмм бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон байни наврасон даст ёфт ва бо медали тилло сарфароз гашт, меҳмони барномаи мо мебошад.

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон бо ширкати 9 дастаи лигаи олӣ ҷараён дорад. Ду даста – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, ки дар ҷадвали мусобиқот мутаносибан ҷойҳои якуму дуввумро касб кардаанд, барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.

Ба назари коршиносон «Истиқлол», ки нисбат ба рақиби аслиаш – «Регар-ТадАЗ» 6 имтиёз бештар ба даст овардааст, имкони хубтари касби мақоми аввалро дорад. Воқеъан, «Истиқлол» ягона дастаест, ки то ҳоло ба мағлубият дучор нашудааст.

Барои ҷои севум ду даста – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони кунунии Тоҷикистон, ва «Хайр»-и Ваҳдат муддаиянд. Ҳарду шонси баробар доранд. Бинобар ин то охири мусобиқот талош хоҳанд кард.

Се даста – ССКА «Помир»-и Душанбе, «Энергетик»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд мақсад доранд, ки дар байни панҷ дастаи беҳтарин ҷойгир шаванд.

Вале дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Равшан»-и Кӯлоб, ки дар зинаҳои охир ҷойгир шудаанд, имкони беҳтар кардани мавқеашонро дар ҷадвали мусобиқот аз даст додаанд. Ҳарду дастаи пуртаҷриба имсол натавонистанд мухлисонашонро шод гардонанд.

Дар барномаҳои пешин сӯҳбатҳои мо бо раҳбарону мураббиёни дастаҳои «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ», «Вахш», «Хуҷанд», «Хайр», «Парвоз» ва «Равшан» ба шунавандагони барнома пешкаш шуда буданд. Ин дафъа сӯҳбате дорем бо Аҳлиддин Турдиев, сармураббии дастаи «Энергетик»-и Душанбе.

Дар ин барнома, инчунин, ба шунавандагон хабарҳои тозаи варзиши ҷаҳон пешкаш мешаванд.

XS
SM
MD
LG