Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макони кадрҳои варзишӣ


Ҳудуди 50 нафар донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов ба ҳайати дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дохиланд.

Ин нукта дар гузориши Шодӣ Сафаров, раиси ин донишкада, дар як нишасти матбуотӣ, ки 28-уми октябр дар шаҳри Душанбе сурат гирифт, таъкид шуд.

Оқои Сафаров афзуд: ”Дар айни ҳол дар шӯъбаҳои рӯзонаю ғоибонаи донишкада, ки макони парвариши мутахассисони соҳаи варзиш маҳсуб мешавад, беш аз 3000 нафар дар чаҳор факулта таҳсил мекунанд. Он чиз боиси хушнудист, ки теъдоди духтарони донишҷӯ дар донишкада пайваста мефзояд ва феълан шумораи онҳо ба 60 нафар мерасад. Имсол мо 150 нафар варзишгарони беҳтарини Тоҷикистонро, ки дорои унвонҳои баланди варзишианд, ба донишкада қабул кардем. Донишҷӯёни мо - гуштигирон Акмолиддин Каримов, Лутфулло Розиқов, Ризвониддин Бурҳонов ва Мурод Тӯйчиев, давандаҳо Фарҳод Қуралов ва Надима Мирзоева, ки дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байнулмилалӣ натиҷаҳои баланд ба даст овардаанд, дар айни ҳол ба Бозиҳои осиёӣ, ки моҳи ноябр дар шаҳри Гуанҷоуи Чин баргузор мешаванд, омодагӣ мебинанд”.

Шодӣ Сафаров, инчунин, ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ, дар донишкада Маркази фарҳангу фароғатӣ ба истифода дода шуд.

Вале дар баробари пешравиҳо, дар ин нишаст таъкид шуд, ки Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба иншооти замонавии варзишӣ ва ҳавзи шиноварӣ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG