Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикасти Тоҷикистон аз Узбакистон бо ҳисоби бузурги 1-8


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар бозии охирини гурӯҳӣ дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола дар шаҳри Тошканд аз тими мизбон - Узбакистон бо ҳисоби бузурги 1-8 шикаст хӯрд.

Ин бозии гурӯҳи «А» 28-уми октябр дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд баргузор шуд. Мизбонон дар нимаи аввали дидор чаҳор гол ва дар нимаи дуввум низ чаҳор гол ба самар расонданд.

Меҳмонон бошанд, танҳо дар дақиқаҳои аввали қисми дуввуми бозӣ як гол заданд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «А» дастаи Урдун бар тими Индонезия бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад.

Ба ин тартиб Узбакистон бо 7 имтиёз дар гурӯҳи “А” мақоми аввалро касб кард. Урдун бо 5 имтиёз дар мақоми дуввум қарор гирифт. Индонезия бо 3 имтиёз севум шуд. Ва мақоми охирро дар сабқати ин гурӯҳ тими Тоҷикистон бо 1 имтиёз ишғол кард.

Дастаҳои Узбакистон ва Урдун ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Вале тимҳои Индонезия ва Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар даври чаҳорякфиналӣ маҳрум шуданд.
XS
SM
MD
LG