Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мизбонон дар даври 29-уми сабқати Лигаи олӣ


Бозиҳои даври 29-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо пирӯзии мизбонон ба анҷом расиданд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 5:1 ғалаба кард. (Голҳо: Фарҳод Тоҳиров, 8 (0:1). Дилшод Восиев, 23 (0:2). Юсуф Рабиев, 24 (0:3). Дилшод Восиев, 40 (0:4). Исмоил Шонов, 41 – аз пенолти (1:4). Фарҳод Тоҳиров, 59 (1:5).

Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода тими меҳмон – «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. (Голҳо: Даврон Эргашев, 52 (1:0). Абдулҳофиз Иброҳимов, 79 (1:1). Иброҳим Рабимов, 90 – аз пенолти (2:1).

Дастаи Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. (Гол: Обидҷон Исмоилов, 83).
Дастаи «Вахш» дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 4:1 мағлуб сохт. (Голҳо: Абдуқаюм Қарабоев, 20 (1:0), Сӯҳроб Эгамбердиев, 27 (1:1), Рустам Хоҷаев, 39 (2:1), Ҷамшед Мирабдуллоев, 65, автогол (3:1), Рустам Хоҷаев, 90+3).

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол» бо 65 имтиёз ҷои аввал ва «Регар-ТадАЗ» бо 61 имтиёз ҷои дуввумро касб кардаанд. Ҳарду даста барои унвони қаҳрамонӣ талош доранд. Дастаи «Хайр», ки барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебарад, бо 44 имтиёз дар зинаи севум қарор гирифтааст. Рақибаш барои ҷои севум – «Вахш», ки 2 бозӣ камтар анҷом додааст, бо 43 имтиёз дар ҷои чорум мебошад.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

25

20

5

0

62-13

65

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

25

19

4

2

72-15

61

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

26

13

5

8

46-31

44

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

24

12

7

5

33-22

43

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

25

7

9

9

25-39

30

6.

«Энергетик» (Душанбе)

25

8

3

14

31-39

27

7.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

26

7

6

13

33-45

27

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

26

4

4

18

25-63

16

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

26

1

3

22

17-80

6



Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 24 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 14, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 13, Дилшод Восиев («Истиқлол»), (Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ/»Вахш») ва Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 11-голӣ.

Даври 30-юм

25-уми октябр (душанбе)

ССКА «Помир» - «Равшан»
«Истиқлол» - «Хайр»

26-уми октябр (сешанбе)
«Парвоз» - «Регар-ТадАЗ»
«Энергетик» - «Вахш»
XS
SM
MD
LG