Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисиҷумҳури Тоҷикистон – сарпарасти дастаи мунтахаби футболи наврасон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сарпарастии дастаи мунтахаби наврасони футболи кишварро, ки ба даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 16-сола омодагӣ мебинад, ба ӯҳдаи худ гирифт.

Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баргузории ҷамъомадҳои таълимию тамрнинӣ, таъмини дастаи мунтахаби наврасон бо либоси варзишӣ ва ширкати футболбозони ҷавони тоҷик дар даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки аз 24-уми октябр то 7-уми ноябри соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор хоҳад шуд, 125520 сомонӣ ихтисос додааст.

Зоир Бобоев, сармураббии дастаи наврасони кишвар, ба радиои Озодӣ гуфт, дар айни ҳол футболбозони ҷавони тоҷик дар шаҳри Норак тамрин мекунанд. Ба ҷамъомади таълимию тамринӣ 22 футболбози наврас аз дастаҳои лигаҳои олӣ ва аввали Тоҷикистон даъват шудаанд.

Ба гуфтаи Зоир Бобоев дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар сабқати ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «А» қувваозмоӣ хоҳад кард.

Футболбозони навраси тоҷик 24-уми октябр бо дастаи Урдун, 26-уми октябр бо дастаи Индонезия ва 28-уми октябр бо тими мизбон – Узбакистон дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и Тошканд рақобат мекунанд.

Ба гурӯҳи «В» дастаҳои Эрон, Сурия, Кореяи Шимолӣ ва Уммон, ба гурӯҳи «С» Ҷопон, Австралия, Тимори Шарқӣ ва Вйетнам ва ба гурӯҳи «D» Аморати Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Чин ва Кувайт дохиланд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба чаҳорякфинал мебароянд. Чаҳор дастаи беҳтарини қора ба сабқати ҷаҳонии футболбозони наврас, ки соли 2011-ум дар Мексика доир хоҳад шуд, роҳхат мегирад.
XS
SM
MD
LG