Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши постгоҳҳо дар масири Душанбе-Рашт


Постгоҳи Лаби Ҷар
Постгоҳи Лаби Ҷар

Дар ду рӯзи ахир теъдоди постгоҳҳо дар рохи Душанбе- Рашт то андозае коҳиш ёфтаанд. Қаблан дар ин роҳ зиёда аз даҳ постгоҳ фаъол буд, ки ҳаракати мусофиронро мавриди тафтиш қарор медоданд. Дар муқоиса ба чанд рӯзи пеш, постгоҳҳо камтар ба назар расида ва мошинҳо чун қабл, дар ҳама постгоҳҳо мавриди тафтиш қарор намегиранд.

Тавре, ки мо мушоҳида кардем, дар яке аз постгоҳҳои умдаи ин масир, дидбонгоҳи Лаби Чар дар 150 километрии шарқи шаҳри Душанбе, чун рӯзҳои қаблӣ шиносномаи мусофирон дигар тафтиш намешавад ва танҳо хуҷҷатҳои ронандагон мавриди санҷиш қарор мегиранд.

Рӯзноманигор Далер Сафаров, ки шоми дирӯз аз Ҷиргатол ба Душанбе расидааст мегӯяд, ӯ ҳам шоҳиди рафтуомади осон ва коҳиш ёфтани постгоххо шудааст.

Вай гуфт аз чунин як иқдоми ҳукумат аксари мусофирон истиқбол намуда, инро нишонаи беҳшавии вазъ дар минтақаи шарқи кишвар маънидод намудаанд:


Ва дар хамин ҳол Муҳаммадҷон, як сокини ноҳияи Рашт мегӯяд, тайи як моҳи ахир ба дунболи ҳаводиси минтакаи шарқи кишвар хеле дилозурда шуда буд ва барои чанд вақт дар Душанбе ба сар мебурд.

Вай афзуд, акнун бо шунидани он, ки дар пайи як музокирот тавофуқ ҳосил шудааст, ӯ ба Рашт бармегардад. Муҳаммадҷон инро як фоли нек медонад:


Лозим ба ёддоварист, ки дар масири Душанбе-Рашт то як сол қабл, фақат кормандони БДА дар ду ва ё се ҷой рафтуомади мошинҳоро мавриди санчиш қарор медоданд.

Вале бо вуҷуди коҳиши дидбонгоҳҳо ва беҳ шудани вазъ, то ба ҳол иртиботи телефонӣ ва интернетӣ ба ноҳияи Рашт барқарор нашудааст.
XS
SM
MD
LG