Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12-уми октябр бо судури як фармон, сафирони Тоҷикистон дар як қатор кишварҳоро аз вазифа сабукдӯш карда ба ҷои онҳо афроди дигарро таъйин намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Салоҳиддин Насриддинов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва ҷумҳурии Яман, Рамазон Мирзоев, сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии исломии Эрон, Бобохон Маҳмадов сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Узбакистон ва Шӯҳрат Султонов, сафири ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурии Туркия аз мақомҳояшон озод кардааст.

Ҳамзамон раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо фармони дигаре Абдулло Юлдошев ва Фаррух Шарифовро сафирони Тоҷикистон дар шоҳигарии Арабистони Саъудӣ ва ҷумҳурии Туркия таъйин намудааст. Бар асоси фармони дигар, Салоҳиддин Насриддинов, ки қаблан сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ ва Ҷумҳурии Яман буд , намояндаи доимии Тоҷикистон дар муассисаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева таъйин шудааст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG