Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" - ғолиби давраи севуми Лигаи олии Тоҷикистон


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки дар бозии даври 27-уми сабқати Лигаи олии футболи Тоҷикистон бар тими мизбон - ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 5:1 пирӯз шуд, ғолиби давраи севуми мусобиқот гардид. Капитани даста Юсуф Рабиев, ки дар ин бозӣ се гол зад, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал қарор дорад.

Бозиҳои дигари даври 27-ум бо чунин натиҷаҳо хотима ёфтанд: «Вахш» (Қӯрғонтеппа) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 0:0, «Хайр» (Ваҳдат) - «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – 4:0, «Равшан» (Кӯлоб) - «Энергетик» (Душанбе) – 0:2.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар бозии мавқуфмондаи даври 25-ум дар майдони худ тими «Парвоз»-ро бо ҳисоби 6:0 шикаст дод.

Ба ин тартиб «Истиқлол», ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 59 имтиёз ҷои аввал ва «Регар-ТадАЗ» бо 58 имтиёз ҷои дуввумро касб кардаанд.
Ҳарду даста муборизаро барои унвони қаҳрамонӣ дар давраи чаҳоруми мусобиқот идома хоҳанд дод.

Барои ҷои севум, аслан, дастаҳои «Вахш», «Хайр» ва ССКА «Помир» талош меварзанд.

«Вахш», ки нисбат ба рақибони аслиаш ду бозӣ камтар кардааст, бозиҳои мавқуфмондаи давраи севумро дар меҳмонӣ бо «Истиқлол» ва дар майдони худ бо «Энергетик» дар давраи чаҳоруми мусобиқот анҷом хоҳад дод.

ҶАДВАЛИ МУСОБИҚОТ

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Истиқлол» (Душанбе)

23

18

5

0

55-12

59

2.

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода

24

18

4

2

70-14

58

3.

«Хайр» (Ваҳдат)

24

12

4

8

44-30

40

4.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

22

10

7

5

27-20

37

5.

ССКА«Помир» (Душанбе)

24

7

9

8

25-37

30

6.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

24

7

6

11

32-41

27

7.

«Энергетик» (Душанбе)

23

7

3

13

29-38

24

8.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

23

4

3

17

23-56

15

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

24

1

3

20

16-73

6



Голзанҳои беҳтарин: Юсуф Рабиев («Истиқлол») – 22 гол, Давронҷон Тухтасунов (ССКА «Помир»/«Регар-ТадАЗ») – 14, Жаилтон Оливейра («Регар-ТадАЗ») – 13, Нӯъмонҷон Ҳакимов («Регар-ТадАЗ/»Вахш») – 11, Мирзобек Мирзоев («Хайр») – 10.

Бозиҳои даври 28-ум:
14-уми октябр (панҷшанбе)
«Энергетик» - «Равшан»
«Парвоз» - «Хайр»

15-уми октябр (ҷумъа)
«Хуҷанд» - «Вахш»
«Истиқлол» - ССКА «Помир»
XS
SM
MD
LG