Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмак ба зарардидагони ҳодисаи Рашт


Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ба осебдидагони ҳаводиси рӯзи 22-юми сентябр дар ноҳияи Рашт кӯмак кардаанд. Дар пайи ин ҳаводис, дар рустоҳои Кочон ва Ниширёни ин ноҳия, се манзили зист тахриб ва чанд бинои дигар осеби ҷиддӣ дида буд.

Заробиддин Сироҷов, як корманди Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт мегӯяд, ин ҷамъият аз ҳисоби захираҳои мавҷудаи худ ба афроди осебдида хайма, таҷхизоти рӯзгор, зарфҳои обгирӣ ва маводи беҳдоштӣ додааст.



Вай афзуд, дар рӯзҳои аввали пас аз он хаводис, афроди бехонамонда ҳамроҳ бо наздикону пайвандони худ ба сар мебурданд, ки инак соҳиби хайма шудаанд.


Ҳамчунин, ба гуфтаи ҷаноби Сироҷов, бо дархости Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, намояндагии Кумитаи Байналмилали Салиби Сурх дар Точикистон дорувор ва маводи бехдошӣ, рахтихоб ва маводи дигареро дар ихтиёри афроди зарадида ва бемористони марказиии ноҳияи Рашт гузоштааст. Бо талошҳои кумита ба Рашт 2,5 тонна орд оварда шудааст.

Ва дар ҳамин ҳол, як корманди Ситоди ҳолатхои фавкулода дар минтакаи Рашт мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди манзилҳои тахрибшуда то расидани фасли сармо, ба Рашт масолеҳи бинокорӣ, назири шиферу тахта фиристодааст.

Ин манбаъ мегӯяд, феълан корҳои омодагӣ барои бунёди ин манзилҳо оғоз шудааст.

Аммо як сокини ноҳияи Рашт гуфт, то расидани фасли сармо дар кӯҳистон вақти каме мондааст ва бояд ин хонаҳо ба зудтарин фурсат бунёд шаванд, зеро дар сармоҳои сахти кӯҳистонӣ паси сар кардани зимистон дар зери хаймаҳо мушкилфарсо хоҳад буд.



Вай гуфт, хонаводаҳои осебдида серфарзанд буда, дар яке ҳафт ва дигаре панҷ кӯдак ба сар мебаранд.

Бо ин ҳама, ҳаводиси ахир дар минтақаи Рашт ташвиш ва нигарониҳои мардумро зиёд кардааст.

Мардуми ин минтақа мисли тамоми мардуми дигари Тоҷикистон хостори амнияту осоиш буда, ҷонибдори ҳарчи зудтар одӣ шудани вазъ дар ин водӣ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG