Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз Душанбе то Одесса


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» нахуст дар бораи пирӯзии дастаи футболи лигаи олӣ - «Истиқлол»-и Душанбе дар Ҷоми Тоҷикистон-2010 гузориш медиҳем.

«Истиқлол» - барандаи дукаратаи Ҷоми Тоҷикистон

“Истиқлол” 5-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби бузурги 5:0 ғолиб шуд.

Дилшод Восиев дар дақиқаи 20-ум ҳисобро боз кард. Баъди 11 дақиқа Юсуф Рабиев тӯби дуввумро бо сар ба дарвозаи “Хуҷанд” зад. Се голи дигарро Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев ва Фарҳод Тоҳиров дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонданд.

Ба ин тартиб дастаи "Истиқлол" барои бори дуввум пайи ҳам соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд.

Рустами Эмомалӣ-ҳамлавари тими "Истиқлол"-и Душанбе
Юсуф Рабиев, капитани дастаи «Истиқлол», ба Радиои Озодӣ гуфт, мо ба ин бозӣ омодагии хуб дидем ва аз он хушнудем, ки бар рақиби пуртаҷрибаамон – дастаи “Хуҷанд” ғалаба кардем.

Ҳамсӯҳбати дигари мо сармураббии тими “Истиқлол” Олимҷон Рафиков, собиқ бозигари дастаи машҳури “Помир”-и Душанбе гуфт, мо яке аз вазифаҳои худро, ки ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон буд, ба ҷо овардем ва акнун тамоми қувваро ба бозиҳои боқимондаи мусобиқоти қаҳрамонии кишвар равона хоҳем кард.

Сармураббӣ Олимҷон Рафиков афзуд: “Бозии ниҳоӣ барои мо бобарор сурат гирифт. Ҳарчанд дар майдон ду дастаи баробарқувва рӯбарӯ буд. Мо лаҳзаҳои голзаниро хуб истифода кардем, вале рақибонамон аз имкониятҳо пурсамар истифода карда натавонистанд. Вагарна бозӣ бо ҳисоби 2:1 ва ё 3:2 ба анҷом мерасид. Умуман, бозӣ барои ҳарду даста вазнин буд. Зеро қувваозмоии финалӣ дар як сол як маротиба доир мешавад ва он ҳалкунанда аст. Бинобар ин футболбозон ва худи ман ҳам дар ҳаяҷон будем».

Бояд тазаккур дод, ки шурӯъ аз соли 1992, дар 19 давраи мусобиқа нӯҳ даста барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидаанд.

Аз ҳама бештар – 4 бор дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ва се бор тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд Ҷомро ба даст овардаанд.

Барандагони Ҷоми Тоҷикистон то соли 2002 дар мусобиқоти Ҷоми ҷомдорони Осиё ширкат мекарданд.

Вале мутаассифона, 8 соли ахир барандаи Ҷоми Тоҷикистон аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти қитъавӣ маҳрум аст. Ва танҳо дар сабқат барои дарёфти Суперкубок ё Ҷоми олии Тоҷикистон иштирок хоҳад кард.

Воқеъан, дар ин мусобиқа, ки имсол таъсис ёфт, дастаи «Истиқлол» бар тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 2:0 ғолиб шуда, Суперкубокро ба даст овард. «Истиқлол» соли оянда боз барои аз даст надодани Ҷоми олии Тоҷикистон талош хоҳад кард.

Аҳмад Алиаскаров
Аҳмад Алиаскаров 75-сола шуд

Дар ин барнома, инчунин, дар бораи Аҳмад Алиаскаров, мураббии варзидаи футбол, ки 75-сола шуд, нақл мекунем. Вай 5-уми октябри соли 1935 дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ба дунё омадааст.

Ӯ солҳои 1956 – 1965 дар ҳайати дастаи машҳури «Нефтчӣ»-и Боку ҳамчун нимҳимоятгар ва капитани даста дар мусобиқоти қаҳрамонии Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷоми СССР 210 бозӣ карда, 17 гол задааст.

Баъдан Аҳмад Алиаскаров наздики 40 сол ба ҳайси мураббии футбол фаъолият кардааст. Таҳти раҳбарии ӯ «Нефтчӣ»-и Боку соли 1966 ва «Черноморетс»-и Одесса соли 1974 барандагони медалҳои биринҷии чемпионати СССР гардидаанд.

Ин мураббии варзидаро мутахассисону мухлисони бузургсолу миёнасоли футболи тоҷик низ хуб дар хотир доранд. Зеро Аҳмад Алиаскаров дар рушди футболи тоҷик хидматҳои арзанда кардааст.

Яке аз шогирдони Аҳмад Алиаскаров, собиқадори футболи тоҷик Алимаҳмад Мирзоев мегӯяд: «Ӯ солҳои 1972-1973 сармураббии дастаи маъруфи «Помир»-и Душанбе буд. Ва маҳз бо роҳбарии Аҳмад Алиаскаров дастаи «Помир» соли 1972 барои аввалин бор дар лигаи аввали футболи шӯравӣ ба қатори 8 дастаи беҳтарин дохил шуда буд».

Шогирди дигари Аҳмад Алиаскаров яке аз футболбозони машҳури замони шӯравӣ Валерий Турсунов, собиқ капитани дастаи «Помир»-и Душанбе, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

«Ман аввалан Аҳмад Алиаскаровро бо ҷашни зодрӯзаш табрик мекунам. Ва гуфтаниям, ки манзалати ман дар футбол маҳз бо даъвати банда аз ҷониби Аҳмад Алиаскаров ба ҳайати дуввуми дастаи «Помир» шурӯъ шудааст. Ман он замон дар дастаи футболи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон бозӣ мекардам. Баъди як сол ба ман муяссар шуд, ки ба ҳайати асосии «Помир» дохил шавам ва ҳамроҳи футболбозони маъруф, ба мисли Владимир Макаров, Владимир Ғуломҳайдаров, Геннадий Черевченко, Леонид Кириленко, Георгий Мартян, Шӯҳрат Аъзамов ва дигарон бозӣ кунам. Пеш аз ман Аҳмад Алиаскаров ба дастаи «Помир» футболбозони ҷавону моҳир Эдгар Гесс, Александр Погорелов ва Игор Шеногинро даъват карда буд. Ин насли ҷавоне буд, ки бозиро дар дастаи устодон таҳти раҳбарии Аҳмад Алиаскаров шурӯъ кардааст».

Ба гуфтаи Валерий Турсунов Аҳмад Алиаскаров моҳи июни соли 1973 Тоҷикистонро тарк намуда, ба вазифаи сармураббии дастаи лигаи олӣ «Черноморетс»-и Одесса таъин шудааст. Ӯ ба ин даста се бозигари тими «Помир» - нимҳимоятгар Владимир Макаров (рӯҳаш шод бод!), ҳамлагарон Эдгар Гесс ва Александр Погореловро даъват намуда буд.

Валерий Турсунов афзуд: «Аҳмад Алиаскаров ҳамчун мураббии сахтгир моро ҳамеша ба ғалаба сафарбар мекард. Дар давраи ӯ «Помир» аз дастаи миёна ба пешсаф мубаддал шуда буд».

Аҳмад Алиаскаров, ки мураббии шоистаи чаҳор ҷумҳурӣ - Озарбойҷон, Укроин, Молдова ва Тоҷикистон мебошад, солҳои зиёд дар шаҳри Одесса ба сар мебарад. Мо низ ӯро бо ҷашни 75-солагии зодрӯзаш муборакбод гуфта, ба эшон тансиҳатӣ ва комёбиҳо орзумандем.


Дар ин барнома, инчунин, хабарҳои тозаи варзишӣ ба шунавандагон пешкаш мешавад.

XS
SM
MD
LG