Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши ҷасадҳои зархаридони хориҷӣ дар Ғарм


Даҳҳо нафар сокинони деҳот ва маркази ноҳияи Рашт дар бемористони марказӣ ҷамъ омаданд, то ҷасадҳои ҷангиёни кушташударо шиносоӣ кунанд. Аммо ҳеҷ як аз 5 ҷасад, ба ин далел, ки чеҳраҳои тоҷикӣ надоштанд, шинохта нашуданд.

Яке аз кушташудаҳо бо худ шиноснома дошт, ки аз шаҳрванди минтақаи Бредовои Москав будани ӯ шаҳодат медод.

Як сокини ноҳияи Рашт, ки худро Собирҷон Ҷонов муаррифӣ кард, дар суҳбат бо мо гуфт, ки панҷ ҷасадро дар саҳни беморхона дидааст. Вале мегӯяд, онҳо чеҳраи тоҷикӣ надоштанд ва ба мардуми маҳаллӣ низ монанд набуданд.



Зарафо, сокини ноҳияи Рашт, гуфт, касе аз ҷамъомадагон ин ҷасадҳоро нашинохтааст. Ӯ афзуд: «Агар онҳо аз мардуми маҳаллӣ мебуданд, ҳатман шинохта мешуданд. Ғарм он қадар калон нест, ки мо ҳамдигарро нашиносем».



Мақомоти низомии Тоҷикистон мегӯянд, ин афрод ба иллати сарпечӣ аз даъвати ба замин гузоштани силоҳ кушта шуданд.

Ба гуфтаи мақомот, аз ин афрод силоҳ ва лавозимоти дигари ҷангӣ пайдо кардаанд.

Ҷои буду боши гурӯҳҳои мусаллаҳро мазеи Сиёҳҷангал ном мебаранд, ки ба ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ наздик аст.

Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ки рӯзҳои ахир манотиқи наздик ба маркази дараи Камароб зоҳиран ором буд, вале қуюди шабгардӣ ҳамоно аз соати 20:00 то 06:00 дар тамоми ноҳия амал мекунад.

Пас аз ҳамла ба манзили Мирзохуҷа Аҳмадов, дар таърихи 22-юми сентябр дар бораи Шоҳ Искандаров, яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолифин, низ сарусадоҳо зиёд буд. Вале сокинони маркази ноҳияи Рашт мегӯянд, Шоҳ Искандаров дирӯз дар шаҳраки Ғарм озодона гаштугузор мекард.

Дар бораи теъдоди афроди мусаллаҳ дар дараи Камароб, ки ба гуфтаи мақомот, бештари онҳо зархаридони хориҷиянд, иттилои дақиқ вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG