Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Истиқлол" барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд


Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2010 гардид. Рӯзи 5-уми октябр, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2010 байни "Истиқлол" ва тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор шуд

Бозӣ бо бартарии комили "Истиқлол" сурат гирифт. Душанбегиҳо ба дарвозаи хуҷандиҳо 5 голи беҷавоб заданд. Дилшод Восиев дар дақиқаи 20-ум ҳисобро боз кард. Баъди 11 дақиқа капитани даста Юсуф Рабиев голи дуввумро бо сар вориди дарвоза кард. Се голи дигарро Дилшод Восиев (дақиқаи 48-ум), Фатҳулло Фатҳуллоев (дақиқаи 57-ум) ва Фарҳод Тоҳиров (дақиқаи 85-ум) дар нимаи дуввуми дидор ба самар расонданд.

Ба ин тартиб дастаи "Истиқлол" барои бори дуввум пайи ҳам соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд.

Дастаи “Истиқлол” то финал бар тимҳои “Энергетик”-и Душанбе (3:3, 1:0) ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода (3:0, 1:4) пирӯзӣ ба даст оварда буд.

Дастаи “Хуҷанд” бошад, пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои лигаи аввал – “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ (3:0, 6:0) ва “Рангонгаз”-и ноҳияи Рӯдакиро (4:3, 2:1) мағлуб карда буд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон:

1992 – «Помир» (Душанбе) - «Регар» (Турсунзода) – 1:0
1993 – «Ситора» (Душанбе) – «Равшан» (Кӯлоб) - 0:0. Аз рӯи пенолти - 5:3
1994 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Шодмон» (Ҳисор) – 2:1
1995 – «Пахтакор» (Ҷаббор Расулов) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пенолти - 3:2
1996/1997 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 4:0
1997/1998 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Ранҷбар» (Восеъ) – 2:1
1998 – «Варзоб» (Душанбе) – «Хуҷа Каримов» (Ғозималик) – 3:1
1999 – «Варзоб» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 0:0. Аз рӯи пенолти - 4:2
2000/2001 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Варзоб» (Душанбе) – 4:2
2001/2002 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 3:1.
2002 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 3:0
2003 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Олимп-Ансол» (Кӯлоб) – 3:1
2004 – «Авиатор» (Бобоҷон Ғафуров) – «Уротеппа» (Истаравшан) – 5:0
2005 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) - «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – 1:1. Аз рӯи пенолти - 3:1
2006 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хима» (Душанбе) – 2:1
2007 – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хима (Душанбе) – 1:0.
2008 – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Энергетик» (Душанбе) – 2:1
2009 – «Истиқлол» (Душанбе) - ССКА «Помир» (Душанбе) - 3:1
2010 - «Истиқлол» (Душанбе) - «Хуҷанд» (Хуҷанд) - 5:0
XS
SM
MD
LG