Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот


Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия бо пирӯзии дастаи мардонаи Укроин ва тими занонаи Русия-1 ба анҷом расид.

Тими мардонаи Укроин бо 19 имтиёз (8 ғалаба ва 3 мусовӣ) байни 149 даста ғолиб шуд. Дастаи Русия-1 бо 18 имтиёз дар ҷои дуввум ва тими Исроил бо 17 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон дар ҳайати Фаррух Амонатов, Анвар Назаров, Ҷамшед Исоев, Соҳиб Ҷӯраев ва Рашид Ҳусейнов бо 10 имтиёз (4 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 5 бохт) ҷои 86-умро касб намуд ва дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ дар ҷои охирин қарор гирифт.

Дар сабқати занон дастаи Русия-1, ки дар ҳамаи бозиҳо ғолиб шуд, бо 22 имтиёз мақоми аввалро касб кард. Дастаи Чин бо 18 имтиёз дуввум ва тими Гурҷистон бо 16 имтиёз севум шуданд.

Дастаи занонаи Тоҷикистон бошад, дар ҳайати Марворид Насриддинзода, Надежда ва Лидия Антоноваҳо, Асила Мӯҳтоҷзода ва Мутрибаи Илҳом баъди 11 бозӣ (4 ғалаба, 1 мусовӣ ва 6 бохт) бо 9 имтиёз дар байни 115 даста дар зинаи 79-ум ҷойгир шуд ва миёни дастаҳои занонаи кишварҳои собиқи шӯравӣ танҳо аз Қирғизистон (ҷои 84-ум) пеш гузашт.
XS
SM
MD
LG