Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурди занону бохти мардон дар даври 9-уми Олимпиадаи ҷаҳонӣ


Рашид Ҳусейнов-шатранҷбози тоҷик
Рашид Ҳусейнов-шатранҷбози тоҷик

Дастаи занонаи шоҳмоти Тоҷикистон дар даври 9-уми Олимпиадаи 39-уми ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ханти-Мансийски Русия ҷараён дорад, бар тими Ироқ бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд

Дар ин бозӣ Марворид Насриддинзода, Надежда Антонова ва Мутрибаи Илҳом бар рақибонашон ғалаба карданд. Вале Асила Мӯҳтоҷзода мағлуб гашт.

Дастаи занонаи Тоҷикистон баъди 9 бозӣ (4 ғалаба, 1 мусовӣ ва 4 бохт) бо 9 имтиёз дар байни 115 даста дар ҷои 60-ум қарор дорад.

Дастаи мардонаи Тоҷикистон бошад, дар даври 9-ум аз тими Миср бо ҳисоби 1,5:2,5 шикаст хӯрд. Соҳиб Ҷӯраев бар рақибаш пирӯз шуд. Рашид Ҳусейнов бозиро мусовӣ анҷом дод. Фаррух Амонатов ва Ҷамшед Исоев бошанд, ин дафъа шикаст хӯрданд.

Мардони шатранҷбози тоҷик бо 10 имтиёз (4 пирӯзӣ, 2 мусовӣ ва 3 бохт) дар байни 149 даста ҷои 49-умро касб кардаанд.

Ба ин тартиб, пас аз ҷамъбасти 9 даври мусобиқот дар сабқати мардон дастаҳои Укроин (16 имтиёз), Русия-1 (15), Фаронса (15), Исроил (14) ва Чин (14), дар сабқати занон дастаҳои Русия-1 (18), Чин (14), Укроин (14), Гурҷистон (14) ва Ҳиндустон (14) пешсафанд.

Даври даҳуми мусобиқот 1-уми октябр баргузор мешавад. Дастаи мардонаи Тоҷикистон бо тими Шветсия ва дастаи занонаи кишвар бо тими Босния ва Ҳерсоҳовин рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG