Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон хостори равобити бештар бо Тоҷикистон шуд


Сафири Эрон дар Тоҷикистон равобит миёни ду ҷумҳури дар сатҳи олиро намуна барои кишварҳои ҷаҳон хонд.Ӯ гуфт, ки миёни ду кишвар дар сатҳи олӣ масъалаи ҳалношудае вуҷуд надорад. Бо вуҷуди ин, Алиасғар Шеърдӯст гуфт, ки ду ҷумҳуриро зарур аст корҳои зиёдеро дар тавсиаи равобити иқтисодӣ анҷом диҳанд.

Исмоил Маҳсулӣ, муовини вазири энержии Эрон дар ҳаштумин иҷлоси кумисиюни муштараки байнидавлатии Эрон ва Тоҷикистон дар тайиди суханони сафир гуфт, мо бояд талош кунем то равобити иқтисодӣ ва тиҷоратиро низ ба сатҳи равобити сиёсӣ бирасонем.

Равобити иқтисодиро чун равобити сиёсӣ рушд мебояд

Исмоил Маҳсулӣ дар бораи мавзуоти матруҳа дар баррасиҳои ин комиссиюн ва ҳамкориҳои оянда гуфт :

«Мавзуоти мухталиф матраҳ аст марбут ба баҳсҳои релӣ(роҳи оҳан) ва ҷодаӣ (роҳҳо) бо вазорати роҳ, мавзуоти иқтисодӣ ва бозаргонӣ дар хусуси таруфаҳо ва соири мавзуоти тиҷоратӣ ва бозаргонӣ. Ва дар канори он чанд тавофуқномаи мустақил ҳаст, ки худи созмони мероси фарҳангӣ ва ҷаҳонгардӣ пешниҳод кардааст. Вазорати иқтисод дар заминаи пулшӯи ва дар бархе аз бахшҳои дигар қарордод имзо хоҳад шуд.»

Ин дар ҳолест, ки табодули коло миёни Эрон ва Тоҷикистон дар 8 моҳи ахир беш аз 112 миллион долларро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Чин ва Русия беш аз даҳ баробар камтар аст.

Дар тули 8 моҳ аз Тоҷикистон ба Эрон дар ҳудуди 30 миллион доллар коло содир шуда дар ҳудуди 81 миллион доллар колоҳо аз Эрон ба Тоҷикистон ворид шудааст.

Ба қавли коршиносон, ба ин далел наметавон равобити иқтисодӣ ва тиҷоратии Эрон ва Тоҷикистонро намуна хонд.

Тоҷикистон аз бунбасти иртиботӣ раҳо шуданист

Вале ба гуфтаи Худобердӣ Холиқназаров аз маркази мутолеоти стротежики дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, тарҳи эҳдоси роҳи оҳани Эрону Тоҷикистон аз тариқи Туркманистону Афғонистон, ки бо ибтикори Эрон рӯи кор хоҳад омад, метавонад Тоҷикистонро аз бунбасти иртиботӣ раҳо кунад .

Ҷаноби Холиқназаронв дар ин бора гуфт:

«Агар ҳамин тарҳ иҷро шавад, тамоми мушкилоти Тоҷикистон дар бахши транзит ва ҳамлу нақли колоҳоро аз байн хоҳад бурд. Ва идомаи ин роҳ то Чин беҳтарин пружаи аср аст, ки на танҳо барои кишварҳои минтақа, балки барои Тоҷикистон суди зиёде хоҳад овард.»

Эрон барои тарҳрезии барномаи фаннӣ ва иқтисодии ин роҳи оҳан, як миллион доллар ихтисос додааст ва ҳамкориҳои оянда дар ин замина дар иҷлоси кумиссиюни муштараки байнидавлатӣ низ матраҳ аст.

Сангтуда-2 то соли оянда ба истифода дода мешавад

Ба гуфтаи Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноӣ Тоҷикистон мавзӯи пеш аз мӯҳлат то 20 солагии ҷашни истиқлоли Тоҷикистон ба истифода додани нерӯгоҳи Сангтуда-2 аз масъалаҳои меҳварии матруҳа дар иҷлоси ин комиссиюни муштарак аст.

Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 бо сармояи Эрон дар Тоҷикистон сохта мешавад ва тибқи қарордоди имзошуда, пас аз истифодабарии 12 сол ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.

Ба илова, ширкатҳои эронӣ дар сохтмони туннелу ҷодаҳои Тоҷкистон саҳм доранд.

Ахиран ширкати «Собир»-и Эрон дар музоида дар сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар дар минтақаи Дарвоз баранда шуд. Ин сохтмон аз сӯи ниҳодҳои молии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мешавад.

Тоҷикистон ба Эрон барқ медиҳад

Ба илова, Эрон талош дорад ба шабакаҳои барқӣ Тоҷикистон пайваст шавад.

Муҳсини Кабир, муовини раиси ширкати «ТавонИр» -и Эрон дар ин бора гуфт:

«Як санади мутолеотии аввалия дар бораи робитаи электрикии Тоҷикистон бо Эрон аз тариқи Афғонистон анҷом шуда аст ва умедворем ин мутолеот аз ҷониби се тараф ниҳоӣ бишавад то тавонем ба интиқоли барқ аз Тоҷиикистон ба Эрон даст ёбем.»

Бо вуҷуди ин ҳамкориҳо, дар равобити Тоҷикистону Эрон дар мавриди амнияти сармояҳои Эрон дарТоҷикистон, ҳамкориҳои бонкӣ ва тафовути таруфаҳо мушкилиҳои зиёде мавҷуд аст.

Ва ба қавли коршиносон, ба ҳамин далоил ширкату бахши хусусӣ ва тоҷири аслии Эрон то ба ҳол вориди бозори Тоҷикистон нашудааст.

Ва ҳадафи кумиссюни муштараки байнидавлати низ рафъи ҳамин мушкилот аст.
XS
SM
MD
LG